Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо мақсади рушди фазои сармоягузорӣ бо агентиҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ, ки мақоми намоён ва муҳим дар низоми баҳогузорӣ доранд, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз ҷумла, 16-уми октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон созишномаҳои ҳамкорӣ бо агентии байналмилалии рейтингии Standard&Poor’s барои гирифтани рейтинги баҳогузории кредитии мамлакат ба имзо расид.

Гуфта мешавад, илова бар ин, дар айни замон гуфтушунид дар мавриди ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ бо агентии рейтингии байналмилалии Moody’s идома дорад.

Қобили зикр аст, ки Standard&Poor’s дар 25 кишвари ҷаҳон фаъолият дошта, муддати аллакай 150 сол дар пешниҳоди рейтинг ва маводи таҳлилӣ оид ба таъмини дарки амиқи зербинои молияви ҷаҳонӣ ба иштирокчиёни бозори кредитӣ мавқеи пешсаф дорад.