Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида (ҶСП)-и «Гулистон», ки моҳи октябри соли 2014 ба тавозуни Кумитаи мазкур гузаронида шуд, ба Ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил дода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, самти фаъолияти корхона тағйир дода нашуда, ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ идома медиҳад ва ҳайати раҳбарии корхона низ иваз карда намешавад.

«Тағйирот танҳо ба шакли моликият дахл дошта, он саҳҳомии кушода мешавад, ки ба ҷалби бештари сармоягузорӣ ҷиҳати рушди он шароити мусоид фароҳам меорад», - иброз дошт раиси Кумита.

Ёдрас мекунем, ки ҶСП «Гулистон» қаблан ба соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ (95%-и саҳмияҳо) ва Хайрулло Саидов (5%-и саҳмияҳо), писари собиқ вазири саноат Зайд Саидов тааллуқ дошт.

Моҳи апрели соли 2014 бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҶСП «Гулистон» таҳти назорати давлат қарор гирифт.