Дар назар аст, ки иҷрои кору хизматгузориҳо дар сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо озод карда мешаванд. Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ин хусус ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015» тағийроту иловаҳои дахлдор ворид намуданд.
Зимни шарҳу тағйироту иловаҳои мазкур ба вакилон муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев қайд кард, ки дар ин бора қарори дахлдори ҳукумати кишвар низ тасдиқ шудааст.
Ӯ таъкид дошт, ки муҳлати сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон 5 сол буда, барои бунёди он тақрибан 680 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Нуралиев зикр кард, ки бо қарори ҳукумат ин театр «иншооти махсусан муҳим» шуморида шуда, вуруди масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот ба кишвар барои бунёди он, аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад.
Муовини аввали вазири молия изҳор кард, ки иншооти мазкур бо мақсади ташкили «маркази ягнаи бузурги фарҳангии кишвар» бунёд гардида, дорои се толор бо ҳудуди 2,5 ҳазор нафар, беш аз 1 ҳазор нафар ва 895 ҷойҳои нишаст хоҳад буд.
Зимнан зикр гардид, ки давоми солҳои 2012-2014 аз буҷет ба бахши фарҳанг дар маҷмӯъ зиёда аз 1,5 млрд. сомонӣ маблағ равона гардид. «Дар буҷети соли 2015 ба бахши фарҳанг ҷудо гардидани 736,5 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст», - афзуд ӯ.




Вдохновляющая красота Таджикистана: 7 причин посетить эту страну
Таджикистан нарастил импорт древесины. Крупнейший поставщик — Россия
Эмомали Рахмон: «Мир и доверие — ключ к решению глобальных угроз и развитию»
Яркая, чувственная Saya Musa на Tarona Music Award 2025!
Какие футбольные клубы в Таджикистане самые популярные?
В Узбекистане осудили преступную группу, торговавшую человеческими органами
Когда виртуальное становится реальным: в Таджикистане обсудили вопрос защиты девочек от гендерного насилия в Интернете
Леса уходят, и природные катастрофы в Таджикистане становятся ближе
«Эсхата Банк» стал лауреатом награды Европейского банка реконструкции и развития
В Душанбе открыта таджикско-китайская экологическая лаборатория
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста