Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар интиҳои моҳи майи соли ҷорӣ раванди устувори зиёдшавиро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32,8 фоиз афзуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, агар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо ҳамаҷониба ва ба таври дақиқ таҳлил шавад, маълум мегардад, ки дар панҷ моҳи соли равон 36,2 фоиз ё 2 800,0 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,8 фоиз ё 4 930,5 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, нишондиҳандаҳои номбурда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба маблағҳои шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар моҳҳои январ-майи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,74 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,81фоизи солонаро ташкил намуданд.