Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҷараёни марҳила ба марҳила пардохт шудани қарзи бисёрмиллионнаи ширкати «Вавилон-Мобайл» аз андоз идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба ин ширкат муяссар шуд, ки қарзҳои худро ҳамагӣ ба маблағи 13,5 млн. сомонӣ пардохт кунад. «Айни замон қарзи софи «Вавилон-Мобайл» аз андоз (бидуни назардошти фоизҳо) то 324 млн. сомонӣ кам шуд», - иброз дошт номбурда.
Раиси Кумитаи андоз таъкид дошт, ки гуфтушунидҳо доир ба пардохти ин маблағи қарз ва ҳамчунин муайян кардани фоизҳо идома доранд.
Қаблан Давлатзода дар бораи манфиатдории Кумитаи андоз ба фаъолияти мунтазами ширкат ва тадриҷан пардохт кардани қарзи мазкур изҳори назар карда буд.
Қобили зикр аст, ки тобистони соли гузашта раҳбарияти Суди олии иқтисодии Тоҷикистон бори дигар дар баҳс миёни Кумитаи андоз ва ширкати «Вавилон-М» рӯшанӣ андохта буд. «Мо шикояти назоратии ширкатро баррасӣ намуда, қонунӣ будани амали Кумитаи андоз дар ин баҳсро муайян кардем», - изҳор дошта буд раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансурзода.
Ёдрас мекунем, ки директори генералии ширкати «Вавилон-М» Беҳзод Файзуллоев, ки муддати сол баҳс бо Кумитаи андоз оид ба қарзи бисёрмиллионнаи ширкат аз андозро ҳаллу фасл мекунад , аз Суди конститутсионии ҶТ посух гирифт. Ба ин мақомоти ӯ барои муайян кардани қонунӣ будани амалҳои мақомоти андоз муроҷиат кард.
Қаблан, моҳи июли соли 2014 раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки қарзи ширкати «Вавилн-М» аз андоз 341 млн. сомониро ташкил дода, бояд ин қарз қисм-қисм пардохта шавад.
«Қарзи асосӣ дар давраи аз соли 2011 ба вуҷуд омадааст. Зимни санҷиш ошкор шуд, ки ширкат меъёрҳои қонунгузории зиддиинҳисориро риоя накарда, ҳангоми хизматгузорӣ ба мизоҷон аз тарифҳое, ки бо Агентии зиддиинҳисории кишвар мувофиқа нашуда буданд, истифода кардааст. Ҳамаи ширкатҳои пешрафта дар бозор тарифҳоро бояд бо Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа намоянд. Ширкат дидаву дониста мизони даромадро аз будаш пасттар нишон додааст», - зикр карда буд ӯ.
Нужно учредить премию имени «Мухтор-ака» и «Сына казикалона». К 110-летию Асли Бурхонова
В Южной Корее отклонили законопроекты о расследовании в отношении президента
Генпрокуратура возбудила дело за производство контрафактного алкоголя в Душанбе
Трамп: понимаю Россию , Дания должна отдать Гренландию, Канада — стать 51-м штатом
В Иране отказались от нового законопроекта о принудительном хиджабе
Более 80 000 мигрантов выдворили из России в 2024 году
Премьер-министры Таджикистана, Узбекистана и Кыргызстана обсудили вопрос госграниц
В Таджикистане не хватает жилой площади
В ВОЗ заверили об отсутствии угрозы эпидемии птичьего гриппа и метапневмовируса
ЕАБР: Таджикистан ожидают высокий рост экономики, умеренная инфляция и стабильный курс сомони
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста