"Авроқи Панама" (Panama Papers) дар пайи ифшогариҳояш номи даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро низ ошкор кардааст, ки асосан ширкатҳои худро дар ҷазираҳои оффшории Вирҷиния ва Баҳама сабтином кардаанд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , дар ин рӯйхат шаҳрвандони зерини Тоҷикистон сабт шудаанд: Сафармад Сафаров, Бахтиёр Муъминов, Абдумуъмин Абдушукуров, Зарифбек Давлатов, Беҳзод Файзуллоев, Фирӯза Акрамова, Салим Халилов, Дилшод Шоҳмамадов, Ҳакимбой Зиёевич ва Мансурҷон Ҳамидов.
Дар ин феҳрист номи Беҳзод Файзуллоев, раҳбари ширкати Babilon, ва Бахтиёр Муъминов ба ҳайси саҳом ва раҳбари ширкатҳои гуногун ду бор сабт шудааст.
Бар асоси санади "Авроқи Панама", шаш нафари аввали ин феҳрист дар ҷазираҳои Вирҷиния сабтином шуда, танҳо маҳалли қайди ширкати Салим Халилов ҷазираи Баҳама нишон дода шудааст. Ҷои сабтиноми се тани дигар - Дилшод Шоҳмамадов, Ҳакимбой Зиёевич ва Мансурҷон Ҳамидов - номуайян гуфта шудааст.
Ҳамин тавр, Сафармад Сафаров - саҳоми ширкати "Ashton Business Group Limited", Бахтиёр Муъминов - раҳбари ширкати "B&M It Scientific Solutions Ltd" ва "Hightron Holdings Inc.", Абдумуъмин Абдушукуров - саҳмдори "Verony Interinvest Limited", Зарифбек Давлатов - саҳмдори "Penkridge Global Limited", Беҳзод Файзуллоев - саҳмдори "BF& Brothers Management Holdings Ltd." ва "Hightron Holdings Inc.", Фирӯза Акрамова - саҳмдори "Incred Company Corp.", Салим Халилов - саҳмдори "Worl Development Corp.", Дилшод Шоҳмамадов - саҳоми "Orvitel Enterprises, Corp.", Ҳакимбой Зиёевич - саҳоми "Valento Commerce Limited" ва Мансурҷон Ҳамидов - саҳоми "Rosington Projects Ltd." муаррифӣ шудаанд.
Маркази гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ (OCCRP) дар якҷоягӣ бо Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажӯҳишгар (ICIJ) моҳи гузашта матолиби бузургеро дар бораи фасод дар мақомоти олии Русия, Озарбойҷон, Украина, Сербия, Исландия, Бритониё ва кишварҳои дигар чоп карданд. Як бахши “Авроқи Панама” дар бораи афроди наздик ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аст, ки онҳо тавассути бонки "Россия" ва ширкатҳои оффшории Панама беш аз 2 миллиард долларро "обу лой" кардаанд.
"Офшор", яъне берун аз соҳил ё ба маънои "ҷазира" - манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд. Бузургтарин манотиқи офшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Британия, Амрико ва Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи офшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кумак мекунанд, то бо ҳиллаҳои гуногун аз пардохти молиёт сар печанд.
Минтруда Таджикистана предложило новые сферы для работы в Катаре
МОМ разработала бесплатный курс финансовой грамотности для трудовых мигрантов
Когда в Таджикистане наступит Навруз?
Мясные лавки в Душанбе: как продавцы устанавливают цены и чем недовольны покупатели?
Эмомали Рахмон посетит Россию с официальным визитом
В Таджикистане создана рабочая группа по борьбе с материнской и детской смертностью
Reuters: США возобновляют поставки Украине бомб GLSDB после их модернизации
Таджикистан намерен привлечь саудовскую ACWA Power к строительству солнечных электростанций
Сборная Таджикистана едет на «Большой шлем»-2025 в Грузию
Шаг назад. Как закрытие USAID повлияет на аграрный сектор Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста