Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло, сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва сарвазири Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков имрӯз, 12 май дар шаҳри Турсунзода доир гардид.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин маросимро «рамзи шурӯъи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва лаҳзаи хотирмону дорои аҳамияти таърихӣ» номид.

Ӯ қайд кард, ки лоиҳаи асосномаи техникиву иқтисодӣ ва мавриди татбиқ қарор гирифтани он судмандии дар ин самт ба роҳ мондани ҳамёрии минтақавиро бори дигар тасдиқ менамояд.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки ҳамоҳангиҳои зарурии муштарак аз рӯи лоиҳаи КАСА-1000 аз соли 2006 оғоз гардида, онро марҳала ба марҳала аз сатҳи назария то ба пояи тарҳи мукаммал ва барои ҳамаи тарафҳои иштироккунандаи он судманд расониданд.

«Тайи ин давра як қатор таҳқиқоти техникӣ, иқтисодӣ ва экологии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ба анҷом расиданд, ки онро ҳамчун лоиҳаи устувор ва дорои аҳаммияти бузурги минтақавӣ муаррифӣ менамоянд. Дар натиҷаи музокироти асосии байни кишварҳои мо то имрӯз як силсила санадҳои лоиҳавӣ имзо гардида, ба тасвиб расиданд, ки Созишномаи генералӣ миёни ширкатҳои миллии интиқолдиҳандаи нерӯи барқ, созишномаҳои молиявӣ ва хариди нерӯи барқ аз ҷумлаи онҳост», - гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳамзамон бо ин, сарчашмаҳои асосии маблағгузории лоиҳа низ муайян карда шуданд. Ӯ барои ҳамкориҳои самарабахш ва кумаку дастгирӣ ба шарикони байналмилалии худ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Аврупоии сармоягузорӣ, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ҳамчунин Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ изҳори сипос кард.

Ба гуфтаи ӯ, бунёди зиёда аз 1342 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати ҷараёни доимӣ ва тағйирёбанда, зеристгоҳҳои табдили шиддат, истифодаи таҷҳизоти навтарини ҷараёни доимӣ дар назди энергетикҳову сохтмончиён вазифаҳои ҷиддӣ гузошта, дар назар аст, ки тавассути КАСА-1000 солона то 5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқи аз назари экологӣ тоза аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон таҳвил карда шавад.

«Ин иқдом имкон медиҳад, ки як силсила мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодиву экологӣ дар ҳар чор кишвар ҳаллу фасл гарданд ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳост», - илова кард президенти Тоҷикистон.

Дар навбати худ сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков зимни суханрониаш таъсири мусбати лоиҳа ба беҳбуди ҳаёти аҳолии минтақаро зикр карда, бо итминон изҳор дошт, ки лоиҳаи CASA-1000 барои рушди минтақа як омили пурфайз хоҳад буд.

Раиси иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло қайд кард, ки «лоиҳае, ки даҳ сол пеш танҳо як орзуе буд, имрӯз дар ҳаёт табиқ мешавад».

Дар маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа ҳамчунин сарвазири Покистон Навоз Шариф ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Ҷанубӣ Аннет Диксон низ суханронӣ карданд.

Маблағи умумии лоиҳаи CASA-1000 1 миллиард доллар арзёбӣ мегардад. Барои иҷрои ин тарҳ Тоҷикистон ба миқдори 320 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб мекунад. Сармояҳои Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Дар назар аст, дар марҳилаи аввал хатти баландшиддати 500 киловаттаи интиқоли неруи барқ аз Даткаи Қирғизистон ба Хуҷанди Тоҷикистон бо дарозии 477 километр бунёд шуда, сипас сохтмони хатти баландшиддат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он кишвар ба Покистон бо дарозии 750 километр оғоз шавад.

Ҳаҷми аввали интиқоли нерӯи барқ тариқи ин хат аллакай соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа муддати 4 сол - соли 2020 пурра амалӣ мешавад.