Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки дар ҳукумати кишвар масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
«Ба ин масъала натанҳо дар васоити ахбори умум, балки дар сохторҳои дахлдори давлатӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд», - иброз дошт ӯ.
Абдуфаттоҳ Ғоиб қайд кард, ки намояндагони Хадамоти гумрук дар гурӯҳи кории омӯзиши масъалаи мазкур фаъолият карда, ҳамаи маводи зарурӣ, аз ҷумла таҳлили ҳамаҷонибаи масъала таҳия ва ба баррасии ҳукумат пешниҳод шудааст. «Қарори ниҳоиро дар ин хусус ҳукумати кишвар қабул мекунад», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки аввали ҳамин моҳ раиси Кумитаи умури ИДМ, ҳамгиройии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Русия Леонид Слутский изҳор дошта буд , ки ояндаи наздик Тоҷикистон оид ба хоҳиши пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) изҳори назар мекунад.
Аввали моҳи феврали соли равон вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошта буд , ки ҷараёни омӯзиши масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то ҳол идома дорад.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.
В Таджикистане в месяц Рамазан изменили график подачи света населению
В Казахстане насчитали 400 прорывоопасных гидротехнических сооружений
Таджикистан и Кыргызстан намерены восстановить прямые авиарейсы между двумя странами
В Австралии умер один из старейших доноров в мире. Его плазма спасла 2,4 млн детей
ЕАБР назвал причины роста китайских капиталовложений в экономики стран Центральной Азии
Если бы да кабы в Таджикистане прислушались к специалистам и фермерам
Кто избран в новый состав парламента, от какой партии и избирательного округа? Называем поименно
Таджикистан увеличил поставки электричества соседям почти в три раза
В Киеве состоялась презентация книги Садриддина Айни на украинском языке
Самые популярные автомобили, которые завозили в Таджикистан в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста