Тоҷикистон аз Эрон дархост кардааст, ки барои бозсозӣ ва анҷоми сохтмони нақби Истиқлол воситаҳои иловагӣ ҷудо кунад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шекралӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки барои бозсозӣ ва анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот, аз ҷумла насби таҷҳизоти рӯшноидиҳанда, ҳавософкун ва таъмини низоми зидди сӯхтор дар нақб воситаҳои иловагӣ заруранд.

«Мо ба ҷониби Эрон бо дархости ҷудо кардани воситаҳои иловагӣ барои анҷом додани ин корҳо муроҷиат кардем ва то ҷое, ки огаҳӣ дорем, айни замон ин масъаларо ҳукумати ин кишвар баррасӣ мекунад», - иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон низ ба ҷудо кардани қисмате аз воситаҳои зарурӣ омода буда, аз ҳисоби маблағҳои иловагии қаблан ҷудокардаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳаҷми 6 млн. доллари ИМА (ҳар кадоме 3 млн.$) корҳои бетонрезӣ ва заҳбурканӣ ба иҷро расидаанд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки қисмате аз ин маблағҳо аллакай азхуд шуда, қисмати боқимонда ба бунёди низоми муваққатии равшанидиҳии нақб масраф мешавад.

Кобили зикр аст, ки  рӯзи 7 июли соли 2015   дар Теҳрон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ - ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ - қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, корҳои иловагии сохтмону бозсозии он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки аввали моҳи июни соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо вазири кишвари Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ  изҳор дошта буд,  ки барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Моҳи октябри соли 2015 зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода изҳор намуда буд, ки барои анҷоми пурраи корҳои таъмиру бозсозии нақби «Истиқлол» дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд боз ҳудуди 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.