- Ояндаи наздик дар Тоҷикистон роҳҳои нави пулакӣ дар назар дошта нашудаанд, аммо сохтмону мавриди истифода қарор додани чунин роҳҳо яке аз воситаҳои ҷалби сармоя ба бахши сохтмони роҳҳо аст, - гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода.
Ба қавли ӯ, агар минбаъд сармоягузорон чунин лоиҳаҳоро пешниҳод намоянду он қобили қабул бошад, лоиҳаҳо дар ин самт амалӣ хоҳанд шуд.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон чунин пешниҳодҳо мавҷуд нестанд ва мутаносибан ояндаи наздик дар қаламрави Тоҷикистон роҳҳои нави пулакӣ пайдо намешаванд.
Мебояд гуфт, соли ҳафтум аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон роҳи мошингарди пулакии Душанбе - Чанок амал мекунад, ки қисмати марказии кишварро бо шимоли он пайваст месозад.
Ин роҳ аз ҳисоби қарзи Чин дар ҳаҷми қариб 300 млн. доллари ИМА таъмиру азнавсозӣ шуда, моҳи апрели соли 2010 бар асоси шарномаи конссессионӣ ба муҳлати 10 сол ба ихтиёр ширкати Innovative Road Solutions дода шуд.
Мутобиқи шартҳои консессия, ширкати мазкур ба ҷуз андози иҷтимоӣ, дигар аз пардохти ҳама гуна навъи андозҳо озод аст. Ҳамчунин ин ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ барои гузаштан аз роҳи мошингарди Душанбе - Чанок машғул аст, қарзи ҷалбшудаи Чин барои азнавсозии роҳро пардохт намекунад.
Душанбинских энергопотребителей в ближайшие полгода полностью обеспечат «умными» счетчиками
В Таджикистане начали использовать дроны в борьбе с саранчой
Экспорт сельхозпродукции из Таджикистана превысил 226 миллионов долларов
В Швеции застрелили иракца, который проводил акции сожжения Корана
Куда и сколько электроэнергии Таджикистан экспортировал в 2024 году
«Сомон Эйр» заключила соглашение с DAE Capital на поставку двух самолетов Boeing 737 MAX
Пакеты в Таджикистане обещали запретить с 2025 года. Работает ли запрет?
149 таджикистанцев числятся в списке на депортацию из США
Узбекистан закупит в Турции партию военных беспилотников ANKA
ТОП-5 мифов о безопасности автомобилей: чему не стоит верить?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста