Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пахши таҷҳизоти рамзӣ ба фаъолияти дуюмин корхонаи бузурги истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон - ҶДММ «Чжунгтсай Моҳир Семент» асос гузошт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов дар майдони 22 гектар бунёд гардида, барои сохтмони он сармояи умумӣ дар ҳаҷми 958 миллион сомонӣ ҷалб шудааст, ки 35 фоизи ин маблағ саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.
Дар заминаи корхонаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои умумӣ бунёду ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо маблағи 120 миллион сомонӣ ва иқтидори 1 миллион метри квадратӣ дар як сол ҳамчунин бунёди коргоҳи истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ бо маблағи 80 миллион сомонӣ ва иқтидори 80 миллион халта дар як сол дар назар дошта шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол баробар буда, оянда дар он ва ду корхонаи дигари дар марҳилаи дуюм бунёдшаванда 850 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2013 дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли сементи «Хуаксин Ғаюр семент» бо иқтидори 1 млн. тонна семент дар як сол ба истифода дода шуда, ки дар муддати як сол бо сармоягузории соҳибкорони ватанӣ (25%) ва сармояи хусусии Чин (75%) сохта шуд.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 15 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дошта, беш аз 870 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба 6 моҳи аввали соли 2015 ба андозаи 30,1% зиёдтар аст. Зиёда аз 422 ҳазор тонна семент дар корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» истеҳсол шудааст.
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ қайд карданд, ки айни замон Тоҷикистон талаботи худро ба семент пурра қонеъ мекунад ва қисмате аз ин масолеҳи сохтмон ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Тӯли 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистону Қирғизистон ҳудуди 200 ҳазор тонна семент содирот шудааст.
С праздником Навруз, дорогие таджикистанцы!
Адвокат одного из подозреваемых в теракте в «Крокусе» рассказал подробности подготовки к нападению
Эмомали Рахмон помиловал около 900 заключенных по случаю Навруза
Интернет в Таджикистане станет дешевле? Глава Службы связи пообещал на 20% увеличить объем мобильных интернет-пакетов
Урегулирование пограничных вопросов между Таджикистаном и Кыргызстаном – уникальный пример в современном мире
В Турсунзаде появилась зеленая «Аллея пятнадцатилетия Sardor»
Афиша от «Азия-Плюс»: «От Навруза до Навруза», ярмарка ремёсел и Детков в Душанбе
Спикер парламента Казахстана раскритиковал годы правления Назарбаева
«Лига женщин-юристов Таджикистана»: подготовка квалифицированных судей – залог справедливого правосудия
Файзали Идизода: кто он – новый спикер нижней палаты парламента Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста