Зимни мулоқот бо намояндаи вижаи Британияи Кабир оид ба Афғонистон ва Покистон Оуэн Ҷенкинс раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳушдор додааст, ки кишвараш транзити маҳсулоти Афғонистон тариқи қаламраваш ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёнаро қатъ карда метавонад.

Президенти Афғонистон таъкид доштааст, ки чунин амал аз ҷониби ҳукумати Афғонистон дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки агар Покистон гузаргоҳи марзии Вагахро бандад, зеро ин дастрасии Афғонистон ба Ҳиндустонро таъмин мекунад.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ илова кардааст, ки ҳангоми мавсими ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ Покистон маъмулан марзро мебандад ва дар ин робита соҳибкорони афғон ба зиёнҳои зиёд дучор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба имзои Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ миёни Покистону Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 2013 идома доранд. Тоҷикистон ба имзои созишнома омода аст, аммо Афғонистон пешниҳод дорад, ки Ҳиндустон ҳам ба он ҳамроҳ карда шавад, лекин ба ин пешниҳод Покистон қотеъона розӣ нест.

«Бинобар сабаби мухолифатҳои дипломатӣ бо Ҳиндустон, Покистон ин пешниҳодро комилан қабул надорад ва ба ҳеҷ гунае дар ин масъала гузашт карданӣ нест», - навишта буд нашрияи покистонии Express Tribune моҳи ноябри соли гузашта зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод.

Охири моҳи майи соли равон сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки айни замон гуфтушунидҳои сеҷониба идома дошта, ҷониби Покистон «ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо дар ояндаи наздик хеле умедвор аст».