Аз 1 октябри соли равон тарифҳои истифодаи оби ошомиданӣ дар шаҳри Душанбе ба андозаи беш аз 20% боло мераванд.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон пешниҳоди КВД «Обу корези Душанбе» оид ба афзоиши тарифҳои истифодаи оби нӯшокӣ ва хизматрасониҳои обу корез барои аҳолиро қисман қонеъ кардааст.

«Аз 1 октябри соли ҷорӣ аҳолӣ барои 1 метри мукааби об ба ҷойи 0,51 сомонии ҳозира 0,62 сомонӣ пардохт мекунад, - гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати монополияҳои табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ Сайидалӣ Зарипов.

Ӯ қайд кард, ки КВД «Обу корези Душанбе» дар мавриди болоравии тарифҳо ба оби ошомиданӣ ба андозаи зиёда аз се маротиба - то як сомонӣ муроҷат карда, ин пешниҳоди худро бо он асоснок намудааст, ки корхона қарзҳои хеле зиёд дорад ва онҳоро мебояд пардохт намуд.

«Аммо бо назардошти вазъи ҳозираи имкони молиявии аҳолӣ, мо ба то ин андозаи назаррас боло бурдани тарифҳо розӣ шуда натавонистем», - иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои сардори Раёсати фурӯши оби КВД «Обу корези Душанбе» Фирдавс Ҷабборов, ҳамчунин пешниҳоди корхона дар мавриди аз 1 январ афзудани тарифҳои истифодаи об барои корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ - аз 0,52 сомонии ҳозира то ба 1,15 сомонӣ низ қонеъ гардонида шудааст.