Корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон ба рекорди нав ноил гардиданд: аз оғози соли ангиштканони тоҷик 1 млн. 114 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар 19 корхона машғул мебошанд. Корхонаҳои нисбатан бузург - КФ «Ш.Фон-Яғноб»,  ҶДММ «Талко-Ресурс», КФ КА «Зиддӣ» ва ҶСК «Ангишт» буда, вале айни замон на ҳамаи корхонаҳо фаъолият доранд, чунки чанде аз онҳо мавсимӣ кор мекунанд.

Айни замон ҳаҷми ангишти захирашуда дар анбор ва нуқтаҳои фурӯш тақрибан 188 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, айни замон беш аз 200 корхона дар ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Харидори асосии ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷшуда Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 мебошад, ки қариб 50% аз ҳаҷми умумӣ ба ҳиссаи ин корхона рост меояд.

Феълан ҳудуди 88%-и талаботи Тоҷикистон ба ангишт аз ҳисоби истихроҷи дохилӣ таъмин карда мешавад.

То охири соли истихроҷи тақрибан 1,8 млн. тонна агишт дар Тоҷикистон дар назар аст. «Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ аз 200 ҳазор тонна дар соли 2010 то ба беш аз 1 млн. тонна дар соли 2015 расид. Соли равон бошад, аллакай истихроҷи 1,8 млн. тонна ангишт ба нақша гирифта шудааст», - гуфт зимни вохӯрии рӯзи 14 октябр бо соҳибкорон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии ангишт истихроҷ мешавад. Соли 2014 - 870 ҳазор тонна ва соли 2015 - беш аз 1 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд. То замони соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ, ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба 309 ҳазор тонна мерасид.

Шурӯъ аз 1 марти соли 2013 содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шуд. Ба ин васила ҳукумати ҷумҳурӣ вобастагии кишварро аз воридоти сӯзишворӣ камтар ва истифодаи онро пурсамар карданист. Баҳори соли 2012 қонун «Дар бораи ангишт» қабул шуд, ки ба ҷалби сармоягузории нав ба ин бахш нигаронида шудааст.