Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иҷозати расмии EASA (Агентии Аврупо оиди бехатарии парвозҳо)-ро барои пешниҳоди дархост ҷиҳати ба даст овардани ҳуқуқҳои шахсӣ ба иҷрои парвозҳои мунтазам ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ИА ва дар қаламрави ИА ба даст овард.
Азбаски Сомон Эйр ба тамоми талаботи бехатарии EASA, қисми ТСО (интиқолдиҳандагони кишварҳои сеюм) ҷавобгӯ мебошад, аввалин ва ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки мутобиқати он ба стандартҳои бехатарии байналмилалӣ расман эътироф гардидаанд.
Фаъолияти асосии Агентии Аврупо оиди бехатарӣ аз идоракунии стратегия ва бехатарӣ, сертификатсиякунонии маҳсулоти авиатсионӣ ва назорат аз рӯи ташкилотҳо ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо иборат мебошад. Ҷиҳати ба даст овардани иҷозати EASA, барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» зарур буд дар марҳилаи пешниҳоди дархост, дар муддати як сол нишон диҳад, ки ҳавопаймоҳо (таҷҳизот), инчунин фаъолияти амалиётии шуъбаҳои истифодабарии парвозҳо, хизматрасонии техникӣ ва шуъбаи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҷиддии пешниҳодмекардаи EASA ҷавобгӯ бошанд. Дар ҳақиқат боиси ифтихор аст, ки ба даст овардани иҷозати Агентии Аврупо оиди бехатарӣ (EASA) муясссар гардид. Ин ба Сомон Эйр имкон медиҳад, ки самти парвозҳоро дар Аврупо дучанд кунад, ҳамчунин кӯшишҳо барои таъмин кардани бехатариро тасдиқ мекунад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.
Трамп распорядился создать в Гуантанамо лагерь для содержания нелегальных мигрантов
Генпрокуратура России подала иск о передаче государству аэропорта Домодедово
Кто и как поднял тарифы на Интернет и мобильную связь в Таджикистане?
Таджикистан и Россия рассмотрели острые миграционные вопросы
Немецкий банк развития поможет модернизировать больницы Таджикистана
Почему Россия запретила ввозить скот, домашних собак, кошек и даже корм из Таджикистана?
«Коинот Авто» открыл второй 4S BYD e-Mobility Center в Таджикистане
В небе над Вашингтоном столкнулись пассажирский самолет и военный вертолет
«Таджик Эйр» запланировала открыть рейсы в Вандж, Рашт и Лахш
Таджикский боец Бехзод Усмонов перешел в лигу BK FC и получил соперника
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста