Конфронси панҷуми ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисоди Русия, намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон санаи 1 декабр дар Душанбе доир гардида, дар кори он намояндагони мақомоти минтақавии ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор, доираҳои корӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва васоити ахбори умуми ҳарду кишвар ширкат меварзанд.

Дар доираи кори конфронс чор мизи гирд гузаронида шуда, дар онҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши кишоварзӣ, вазъ ва танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати корӣ, самтҳои асосии рушди равобити гуманитарӣ, дурнамо ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат ва зербинои саноативу нақлиётӣ баррасӣ мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои Конфронс имзои як қатор санадҳои дуҷониба ва қабули изҳороти ҷамъбастии иштирокчиёни чорабинӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон буда, аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо беш аз 1,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Давоми чандин соли ахир Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии зиёда аз 700 млн. доллари ИМА мустақиман сармоягузорӣ намуда, лоиҳаи бузургтарини сармоягузории Русия дар Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» мебошад, ки соли 2008 ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин Русия яке аз кишварҳои асосиест, ки ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона мефиристад. Соли 2015 ҳаҷми ин кумак ҳудуди 4,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ғайр аз ин, айни замон наздики 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.