Вазорати молияи Тоҷикистон эътироф мекунад, ки зимни таҳияи маводи таҳлилии қаблан нашршуда дар бораи фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар давраи солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 ба иштибоҳҳо роҳ додааст.
Дар маводи таҳлилии нави Вазорати молия қайд мешавад, ки қаблан дар таҳлили пешина бо сабабҳои техникӣ ба хатогиҳо роҳ дода шудааст, ки боиси нофаҳмиҳо гардид.
«Аз ҷумла, дар сохтори даромадҳои умумии корхона амалиётҳои содиротиву воридотӣ зикр гардида буданд, ки ба фаъолияти молиявии корхона муносибат надоранд ва мутаносибан нишондиҳандаҳои вазъи молии он шуда наметавонанд», - омадааст дар гузориши нави Вазорати молия.
Дар Вазорати молия ҳамчунин эътироф мекунанд, ки даромадҳои рӯйпӯшшуда аз ҷониби ТАЛКО дар ҳаҷми 3,8 млрд. сомонӣ (1,1 млрд. доллари ИМА), ки дар гузориши гузашта нишон дода шудааст, асоси воқеӣ надоранд. Дар ин маврид Вазорати молия боз ҳам ба иштибоҳҳои техникӣ ва ҳамчунин омили инсонӣ ишора мекунад.
Қайд мешавад, ки дар ТАЛКО аз соли 2014 то нимсолаи аввали соли ҷорӣ санҷиши аудиторӣ гузаронида нашудааст. «Ширкат уҳдадор аст, ки давоми семоҳаи аввали соли 2017 санҷиши аудитории давраи солҳои 2014-2015-ро ба анҷом расонида, натиҷаҳои онро дар сомонаи худ нашр созад», - таъкид мекунанд дар вазорат.
Ёдрас мекунем, ки Вазорати молия гузориши таҳлилӣ доир ба фаъолияти ТАЛКО дар давраи солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016-ро нашр карда буд. Дар он зикр гардида буд, ки ТАЛКО дар ҳисоботҳои худ даромадҳо дар ҳаҷми 3,8 млрд. сомонӣ (1,1 млрд. доллари ИМА)-ро, ки аз ҳисоби савдои хориҷӣ ба даст овардааст, нишон надодааст. Айни замон ин гузориш дастрас нест.
Ҳамчунин таъкид гардида буд, ки дар робита ба гузаштан ба низоми толлингӣ, ширкат ба вазъи ногувори молиявӣ дучор шудааст.
Баъдан ТАЛКО ин иддаъоҳоро рад намуда, ба Вазорати молия пешниҳод намуд, ки барои санҷиши «далелҳо»-и зикршуда комисссияи муштарак таъсис дода шавад.