Вазорати молия тавсия медиҳад, ки дар мавриди баргардонидани қарзҳои хориҷӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва пардохтпазирии ҷумҳурӣ набояд шакку шубҳа ё ташвише ҷой дошта бошад.
Зимни кори мизи гирд дар мавзӯи «Буҷети давлатии соли 2017» сардори шуъбаи макроиқтисодӣ ва омори молиявии Вазорати молияи ҶТ Муаззама Назриева дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи созишномаҳои қарзӣ, марҳила ба марҳила ва саривақт қарзҳои хориҷиашро пардохт мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, дар муносибатҳои иқтисодии хориҷии замони муосир аз қарзҳо ба сифати сарчашма тамоми давлатҳо истифода карда, пеш аз қарздиҳӣ қарздиҳандагон ҳамаҷониба сатҳи пардохтпазирии кишварҳоро меомӯзанд. «Агар Тоҷикистон пардохтпазир намебуд, ба ӯ қарз намедоданд», - гуфт ӯ.
Мизони ҳозираи қарзи хориҷии кишварро намояндаи Вазорати молияи муътадил арзёбӣ кард. «Таносуби ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ММД соли 2016 - 33% ва лимити сатҳи муқарраршуда, ки набояд аз он гузашт, 40%-ро ташкил медиҳад», - афзуд Назриева.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли равон қариб 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон (аввали соли 2016 - ҳудуди 2 млрд. 182 млн. $) ба миқдори 118 млн. доллари ИМА афзудааст.
Дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.
Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки Тоҷикистон аз ин кишвар дар маҷмӯъ қариб 1,2 млрд. доллари ИМА қарздор буда, ин нишондиҳанда аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ беш аз 52%-ро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми қарзҳои гирифтаи Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ - ҳудуди 305 млн. доллари ИМА, аз Бонки осиёгии рушд - 262 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд - 108 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар Буҷети давлатии соли 2017 барои хизматгузорӣ ба пардохти қарзи хориҷӣ ҷудо кардани ҳудуди 1,1 млрд. сомонӣ (қариб 140 млн. $) пешбинӣ шуда, ҳамзамон азхудкунии беш аз 1,7 млрд. сомонӣ (беш аз 215 млн. $) қарзҳои хориҷӣ дар назар аст.