Ширкати «Барқи тоҷик» то ҳанӯз ба шарҳи сабабҳои садама дар низоми энергетикии кишвар, ки расо ду моҳ пеш - 28 октябр рух дода буд, омода нест.

Қобили зикр аст, ки комиссияи махсуси пас аз як рӯзи садама таъсисёфта ҳанӯз моҳи ноябр кори худро ба итмом расонида, хулосаҳои худро ба ширкат пешниҳод намуд.

«Айни замон хулосаи комиссия мавриди омӯзиши вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, танҳо пас аз мувофиқасозии ниҳоӣ чоп шуда метавонад», - гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита дар ширкати «Барқи тоҷик».

Ширкати «Барқи тоҷик» қаблан эълон карда буд, ки барои ошкор кардани сабабҳои садама, ки баъди он қариб тамоми ҷумҳурӣ муддати се соат бе барқ монд, ҳадди ақал ду ҳафта муҳлат зарур аст.

Коршиносон садамаро комилан табиӣ ва пешбинишуда арзёбӣ карда буданд, чунки дар иншооти гидротехникии ҷумҳурӣ қоидаҳои истифодабарӣ риоя намешаванд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 октябр қариб тамоми ҷумҳурӣ бе нерӯи барқ монда буд. Қаблан аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дода буданд, ки ин ҳолати ғайримунтазира дар Тоҷикистон бинобар сабаби бозистии агрегатҳои нерӯгоҳи Норак ба иллати носозиҳо дар низоми энергетикии кишвар ва таври автоматӣ ба кор даромадани низоми зиддисадамавӣ ба вуҷуд омад.

«Бо ин сабаб соати 18:29 дақиқаи рӯзи 28 октябр қариб ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ интиқоли барқ қатъ шуд. Танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барқ таъмин буд», - гуфта буд ба «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи бонавбат дубора ба кор даровардани агрегатҳои нерӯгоҳ ва таъмини кори хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, марҳила ба марҳила интиқоли барқ барқарор карда шуд.

«Шоми ҳамон рӯз раиси ширкат Мирзо Исмоилзода тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ин вазъро шарҳ дода, барои рӯйи кор омадани чунин ҳолати ногувор аз аҳолӣ маъзарат хост», - иттилоъ дод Ёдгорӣ.

Қобили зикр аст, ки пештар ҳам дар нерӯгоҳи Норак садамаҳо рух дода буданд. Моҳи ноябри соли 2009 бар асари чунин як садама дар нерӯгоҳи Норак ҳудуди 70 фоизи қаламрави Тоҷикистон бе барқ монда буд.