Ҳукумати Тоҷикистон воситаҳои корхонаву ташкилотҳои буҷетиро аз бонкҳои дучори мушкил бозпас мегирад. Ин воситаҳо пурра ба суратҳисоби ягонаи Хазинадории марказии Вазорати молия гузаронида шуда, дар муддати як сол истифодаи онҳо маҳдуд мешавад.

Дар қарори ҳукумат «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки ҶТ барои сармоягузории бонкҳо» гуфта мешавад, ин тадбир баҳри пешгирии фишори асъорӣ ва дастгирии сатҳи устувори таваррум андешида мешавад.

«Ин ҷо доир ба воситаҳои озоди муассисаҳои буҷетӣ сухан меравад, ки муваққатан дар суратҳисобҳои амонатии дар бонкҳои дучори мушкилот ҷойгир шуда буданд. Ҳаҷми ин воситаҳо танҳо дар ду бонки низомсоз беш аз 1,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Бозпас гирифтан ва дар Вазорати молия нигаҳдории маҳз ҳамин воситаҳо дар назар аст, то ки дар вазъи суратмегирифта бо сармоягузории бонкҳо ба як гунае қурби асъори миллӣ дастгирӣ ва мизони таваррум дар як сатҳи муайян нигаҳдорӣ шавад», - гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита як коршиноси бахши молиявӣ.

Қобили зикр аст, ки даҳаи охири моҳи декабр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд.

Дар маҷмӯъ ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) векселҳо пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» - 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» - 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» - 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегиранд.