Аз бензини бештар арзонтар сокинони Венесуэла, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон истифода мекунанд. Нархи миёнаи бензин дар саросари ҷаҳон ба аввали соли равон 0,99 доллар барои 1 литрро ташкил медиҳад.

Нархи 1 литр бензин ба ҳисоби миёна дар Венесуэла ба 0,01 $, дар Арабистони Саудӣ - 0,24 $ ва Туркманистон - 0,29 $ баробар аст. Бензини гаронтарин дар Гонконг (1,93 $), Норвегия (1,83 $) ва Исландия (1,78 $) фурӯхта мешавад.

Нархҳои миёнаи бензин дар кишварҳои ҷаҳон ба санаи 2 январи соли равон дар сомонаи Global Petrol Prices оварда шудаанд, ки аз маълумоти ин сомона Хазинаи байнулмилалии асъор ва ҳамчунин васоити ахбори умуми пешрафтаву маъруфи дунё ба таври густарда истифода мекунанд.

Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил бензини арзонтарин дар Қазоқистон (0,43 $ барои 1 литр) фурӯхта мешавад. Нархи миёнаи 1 литр бензин дар Озарбойҷон - 0,46 $, Беларус - 0,60 $, Қирғизистон - 0,61 $, Русия - 0,63 $, Арманистон - 0,77 $, Украина - 0,90 $ ва Ӯзбекистон - 1,03 $-ро ташкил дода, доир ба Тоҷикистон дар ин сомона маълумот оварда нашудааст.

Аммо бо назардошти он, ки имрӯз 1 литр бензини навъи АИ-92 дар Тоҷикистон бо нархи 0,66 $ ва навъи гаронтаринаш (АИ-98) бо арзиши 0,73 $ фурӯхта мешавад, метавон ба хулосае расид, ки нархи миёнаи 1 литр бензин дар кишвари мо 0,69 $-ро ташкил медиҳад.