Дар доираи сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо муовини вазири молияи ин кишвар Муҳаммад Ал-Мазият дидору гуфтушунид кард.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот масоили ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба рушди соҳаҳои сайёҳиву коммуникатсия ва энергетикаву нақлиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор намудааст, ки ахири моҳи октябри соли гузашта Тоҷикистон ба бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз намуд, ки яке аз иншооти бузургтарини гидроэнергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва агрегати аввали он бояд охири соли 2018 ба кор дароварда шавад.

«Дар шароити буҳрони молии ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун ба ҷалби қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат ниёз дорад ва дар ин самт мо ба Арабистони Саудӣ умед дорем», - гуфтааст Шукурҷон Зуҳуров.

Дар навбати худ Муҳаммад Ал-Мазият зикр кардааст, ки Арабистони Саудӣ тавассути Фонди рушди Саудӣ маблағгузорӣ ба амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистонро меафзояд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ин фонд амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар бахшҳои нақлиёт, таҷдиду азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла бемористонҳо дастгирӣ шуда, минбаъд сармоягузорӣ ба соҳаҳои савдо ва турзим пешбинӣ шудааст.