Садамаи бузургмиқёси рӯзи 28 октябри соли гузашта дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ бар асари нуқсон ва аз кор мондани Истгоҳи автоматии зиддисадамавӣ дар шаҳри Турсунзода рух додааст.

«Дар яке аз таҷҳизоти зеристгоҳи «Регар-500 кВ» ҳолати ғайримуқаррарӣ ба вуҷуд омада, нуқсон дар низоми автоматии зиддисадамавӣ ба кори муназзами нерӯгоҳи Норак таъсир расонид ва дар натиҷа интиқоли барқ муваққатан қатъ шуд», - иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода.

Исмоилзода қайд кард, ки рӯзи дигари садама комиссияи махсус таъсис дода шуд, ки ба ошкор кардани сабабҳои он пардохта, аз ҷониби ширкат ҷиҳати минбаъд такрор нашудани чунин ҳодисаҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Раиси ширкат таъкид дошт, ки дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ гурӯҳи корие амал мекунад, ки то ҳол ба муайян кардани ҳаҷми зиёни расида аз ин садама ба иқтисоди кишвар машғул аст.

Дар ширкат ҳамчунин зикр карданд, ки рух додани ҳодисаҳои садама дар низоми энергетикӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи маъмул аст, зеро дар ин низом мунтазам нерӯӣ барқ истеҳсол ва интиқол дода мешавад.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 24 январ дар Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар ин робита хабар дода буд, ки комиссияи ҳукумат то ҳол ба ҳисобу китоби ҳаҷми зарари расида бар асари садамаи бузаргмиқёс дар шабакаҳои барқи Тоҷикистон машғул аст.

«Садама шомгоҳон рух дода, дар ин вақт аксари корхонаҳои ҷумҳурӣ кор намекарданд, - иброз дошт вазир. - Аз ин садама шояд ба «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) зиёни зиёд расида бошад, зеро он шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Ин ширкат маълумоти худ дар ин хусусро пешниҳод карда, гурӯҳи корӣ онро омӯхта истодааст».