Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» фаъолона ба корҳои барқарор кардани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе - Хоруғ - Душанбе идома медиҳад, вале баҳри расидан ба ин мақсад барои ширкат имтиёзҳо ба хатсайрҳои дохилӣ зарур аст.
«Мо имрӯз баҳри барқарор кардани ин хатсайр ҳамаҷониба талош дорем ва сарфи назар аз мушкилоти молии мавҷуда, тамоми имконоти ба мо вобастаро истифода карда истодаем, то ки мусофирон тариқи ин хатсайр парвоз карда тавонанд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз ташхиси техникӣ барои дастрас намудани қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймои Ан-28, ки парвоз тавассути ин хатсайрро анҷом медиҳад, дархостҳои зарурӣ ирсол шудааст.
Ғайр аз ин, қайд кард Хайруллоев, «Тоҷик Эйр» барои иҷрои парвоз тариқи ин хатсайр, ки фоидаовар нест, ба имтиёзҳо аз ҷониби сохторҳое чун фурудгоҳ, аэронавигатсия ва хадамоти таъминот бо сӯзишворӣ эҳтиёҷманд аст.
«Бо мақсади мусоидат ба барқарор шудани ин хатсайр ва маҳз ба «Тоҷик Эйр» додани имтиёзҳои муқарраршуда барои анҷоми парвозҳо бо хатсайрҳои дохилӣ, ки ба ширкат ҷиҳати анҷоми парвозҳо бо ин хатсайрҳо ва фоидаовар кардани онҳо имкон фароҳам меоранд, мо барои Вазорати нақлиёт ҳуҷҷатҳо омода кардем, - гуфт ӯ. - Ширкат ба посухи мусбат аз Вазорат умедвор аст, зеро аз лиҳози стратегӣ ин хатсайр барои аҳолӣ хеле муҳим маҳсуб меёбад».
Охири моҳи гузашта директори генералии «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе - Хоруғ изҳор намуда буд, ки агар фармоиш бошад, ширкат имкон дорад, ки парвоз ба ин самтро таъмин кунад.
«Ширкати мо парвозҳои доимӣ тариқи хатсайри Душанбе - Хоруғро аз 5 октябри соли гузашта мутаваққиф кард, - шарҳ дод Х.Раҳимов. - Лекин мо варианти эҳтиётӣ дорем, ки он чархболи Ми-8 буда, ин чархбол ҷиҳати парвоз ба ҳама гуна самтҳо муддати 24 соат дар як шабонарӯз омода аст».
Дар идома ӯ гуфт, дар шароити мувофиқати обуҳаво, бо чархболи Ми-8 метавон 22 нафар мусофиронро ба нуқтаи таъинот расонид, ки «шуморашон аз ҳавопаймои АН-28, ки қаблан дар ин самт парвоз мекард, зиёдтар мебошад».