Парвози ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Душанбе - Тошканд, ки имрӯз бояд ба анҷом мерасид, амалӣ нашуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин робита иттилоъ доданд, субҳи имрӯз фурудгоҳи Тошканд ба унвони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар бораи рад шудани парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри аввал огоҳинома ирсол карда, дар нома сабабҳои рад шудани парвоз зикр наёфтааст.
Хотиррасон шуд, ки ҳанӯз 10 феварал зимни гуфтушунидҳо дар Тошканд ба ширкати «Сомон Эйр» оид ба анҷом додани парвозҳо ба фурудгоҳи Тошканд аз 20 феврал иҷозатномаи истифодабарӣ дода шудааст, аммо имрӯз доир ба рад шудани иҷрои парвоз аз фурудгоҳи Тошканд огоҳинома расидааст.
Зимнан зикр гардид, ки бо ҳавопаймои аввал тариқи хатсайри Душанбе - Тошканд бояд 26 нафар мусофирон ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз мекарданд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ба таъхир афтодани ин парвоз аз ҳама мусофирон маъзарат хоста, маблағҳои харҷшудаи мусофирон бозпас баргардонида ва ҳамчунин барои чанде аз онҳо билетҳояшон ба хатсайри Душанбе - Хуҷанд иваз карда шудааст.