Саҳмгузорони «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» воситаҳои пулии худро танҳо баъди таъини маъмурони махсус аз ҷониби суд бозпас гирифта метавонанд.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки давоми як моҳ суд бояд маъмурони махсусро таъин кунад.
«Айни замон намояндагони таъиншудаи БМТ дар ин бонкҳо то таъини маъмури махсус ба фаъоляти ҷории онҳо, аз қабили қабули воситаҳои қарзӣ, ҳисобу китоби дороиҳо, анҷоми уҳдадориҳо ва ғайра машғул буда, ҳамаи пардохтҳо аз рӯи уҳдадориҳои бонкҳо танҳо баъди таъини маъмури махсус сурат мегиранд», - гуфт ба «Азия-Плюс» Фирӯз Шарипов, маъмури аз ҷониби БМТ таъиншуда дар «Тоҷпромбонк».
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ба ифшои маълумот дар бораи амволи бонк ва уҳдадориҳои он ҳуқуқ надорад.
Тибқи ҳисоботи ахир, ба аввали соли 2016 ҳаҷми умумии дороиҳои «Тоҷпромбонк» беш аз 600 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳояш - ҳудуди 550 млн. сомонӣ, аз ҷумла ҳаҷми амонатҳои гузоштаи он беш аз 200 млн. сомониро ташкил додааст.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори Раёсати БМТ аз 24 феврал иҷозатномаҳои анҷоми фаъолияти бонкии «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонда шуда, худи ҳамин рӯз аз суд бо ариза дар бораи маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо муроҷиат шуд.
Дастрасии ба ин монанд маълумоти марбут ба «Фононбонк» алҳол муяссар нест.
Дар Бонки миллӣ итминон доданд, ки ин бонкҳо ба таври кофӣ дороиҳо дошта, қодиранд, ки ҳамаи қарзҳояшонро баргардонанд.
«Муддати ду ҳафтаи наздик маъмури махсус таъин шуда, ба фурӯши дороиҳои бонкҳо ва баргардонидани воситаҳои пулии саҳмдорон машғул мешавад», - гуфтанд дар БМТ.
Моҳи майи соли гузашта бинобар сабаби мушкилоти молӣ дар «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ шуда, нимаи моҳи декабри идоракунии бонкҳо ба роҳбарони пешинаашон баргардонида шуд.
Ҳукумат эълон кард, ки ба «Тоҷпромбонк» дар ҳаҷми 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» - 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок медиҳад. Пешбинӣ шуда буд, ки дар сурати зарурат бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро ба Бонки миллӣ фурӯхта метавонанд.
Аммо баъдтар маълум шуд, ки бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро нагирифтаанд. Ҳукумат дар навбати аввал бонкҳои нисбатан бузургтари дучори мушкилот - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро бо коғазҳои қиматнок таъмин кардааст.
Мутобиқи қонунгузорӣ, ҷараёни муфлисшавии ташкилоти қарзӣ метавонад давоми ду сол идома ёбад. Дар ҳолати зарурат, ин муҳлат метавонад аз ҷониби суд боз ба ду соли дигар дароз карда шавад.