Қурби расмии доллари ИМА нисбати арзии миллии кишвар, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба санаи 7 март муқаррар шудааст, 8,0049 сомонӣ барои 1 долларро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, аз оғози сол қурби доллар нисбати арзи миллии Тоҷикистон ба андозаи 1,6 фоиз - аз 7,8762 сомонӣ ба санаи 1 январи то 8,0049 сомонӣ ба имрӯз боло рафт.

Дар партави болоравии қурби расмии доллар ҳамчунин арзиши он дар бозор низ афзоиш меёбад. Қурби фурӯши доллар дар марказҳои мубодилаи асъор имрӯз аллакай ба 8,12 сомонӣ расидааст.

Камбуди долларро дар Бонки миллии ҷумҳурӣ падидаи муваққатӣ унвон мекунанд, ки ба мавсим вобаста буда, дар ин давра воридоти асъор ба кишвар нисбатан дар сатҳи паст қарор мегирад.

Дар Бонки миллӣ итминон доданд, ки вазъ дар бозори асъор таҳти назорат қарор дошта, ба якбора босуръат болоравии қурбҳо роҳ дода намешавад.