Шурӯъ аз имрӯз саҳмгузорони ду бонк, ки иҷозатномаашон бозхонд шуда буд, метавонанд қисмате аз амонатҳои худро бигиранд, вале маблағи амонат на бештар аз 17,5 ҳазор сомонӣ пардохт мешавад.

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба шаҳрвандон хабар медиҳад, ки аз 16 март ба пардохти ҷуброни суғурта оид ба амонатҳои ташкилотҳои қарздиҳии барҳамхӯрдаи ҶСП “БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Фононбонк” оғоз мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хазинаи суғурта хабар доданд, хизматгузорӣ дар ин самт барои саҳмгузорони «Тоҷпромбонк» дар филиалҳои БДА «Амонатбонк» ва барои муштариёни «Фононбонк» дар филиалҳои ҶСК «Ориёнбонк» анҷом дода мешавад.

«Маблағи ҷуброни суғуртавӣ, ки на зиёдтар аз 17 ҳазору 500 сомонӣ хоҳад буд, дар макони ҷойгиршавии амонатҳо дар минтақаҳо пардохт мешавад», - гуфтанд дар Хазина.

Ҳамин тариқ, агар ҳаҷми амонатҳои шумо 2 ҳазор сомониро ташкил диҳад, онро бидуни ягон маҳдудият гирифта метавонед, вале агар маблағи амонати шумо ба 18 ҳазор сомонӣ баробар бошад, аз рӯи ҷуброни суғуртавӣ шумо 17,5 ҳазор сомониашро гирифта метавонед ва боқимонда 500 сомонӣ баъди фурӯши дороиҳо ва амволи бонкҳо баргардонида мешаванд.

Маълумоти иловагӣ дар бораи пардохти маблағи ҷуброни суғуртавӣ дар сомонаи Хазина - www.idif.tj ё тариқи телефонҳои (+992) 44 600-32-45, (+992) 918 68 20 50 қобили дарёфт аст.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Раёсати БМТ аз 24 феврал иҷозатномаҳои анҷоми фаъолияти бонкии «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонда шуда, худи ҳамин рӯз аз суд бо ариза дар бораи маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо муроҷиат шуд.

Моҳи майи соли гузашта бинобар сабаби мушкилоти молӣ дар «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ шуда, нимаи моҳи декабри идоракунии бонкҳо ба роҳбарони пешинаашон баргардонида шуд.

Дар Бонки миллӣ итминон медиҳанд, ки ин бонкҳо ба таври кофӣ дороиҳо дошта, қодиранд, ки ҳамаи қарзҳояшонро баргардонанд.

Мутобиқи қонунгузорӣ, ҷараёни муфлисшавии ташкилоти қарзӣ метавонад давоми ду сол идома ёбад. Дар ҳолати зарурат, ин муҳлат метавонад аз ҷониби суд боз ба ду соли дигар дароз карда шавад.

Ҳукумат эълон карда буд, ки ба «Тоҷпромбонк» дар ҳаҷми 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» - 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок медиҳад. Пешбинӣ шуда буд, ки дар сурати зарурат бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро ба Бонки миллӣ фурӯхта метавонанд.

Аммо баъдтар маълум шуд, ки бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро нагирифтаанд. Ҳукумат дар навбати аввал бонкҳои нисбатан бузургтари дучори мушкилот - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро бо коғазҳои қиматнок таъмин кардааст.

Тибқи рӯйхати амволи ғайриманқул ва дигар дороиҳои бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон, дар номгӯи дороиҳои «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз қабили бинои Сарбонк, 22 бинои филиалҳо ва марказҳои хизматгузории бонкӣ зикр шудааст. Ин бонк ҳамчунин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дорои манзилҳои сершумор ва дигар иншоот аст.

Ба рӯйхати дороиҳои «Фононбонк» 37 иншоот - бинои Сарбонк, чор бинои филиалҳои бонк, хонаҳову ҳавлӣ, дигар манзилҳои зист ва ғайра дохил шудааст.