Парвози ҳавопаймои нахусти ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» аз Тошканд ба Душанбе, ки имрӯз пешбинӣ шуда буд, ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуд.
Ширкати ӯзбекистонӣ моҳи гузашта дар сомонаи худ доир ба оғози парвози мунтазами ҳавопаймоҳо ба Душанбе аз 4 апрел хабар дода буд. Парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва шанбе пешбинӣ гардида буд.
Аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар ин робита иттилоъ доданд, ки парвоз тариқи ин хатсайр ба рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда, 11 апрел мавқуф гузошта шудааст. Ба иттилои манбаъ, ширкати ӯзбекистонӣ мавқуф гузоштани парвозро ба шумори нокофии мусофирон рабт медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Душанбе маросими муаррифиии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ», ки намояндагии расмиашро боз намуд, доир мегардад.
Тавре ҷониби Тоҷикистон қаблан изҳор намуда буд, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе - Тошканд - Душанбе 20 феврал оғоз мешаванд, вале Тошканд бо ишора ба ҳаллу фасл нашудани масъалаҳои техникӣ, қабули ҳавопайморо рад кардааст.
Зимнан дар номаи ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба унвони мақомоти Тоҷикистон аз интишори маълумоти носаҳеҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» доир ба парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд норозигӣ изҳор шуда, зикр гардида буд, ки пеш аз пешниҳоди маълумот, ширкати тоҷикистонӣ мебоист ҳама паҳлӯҳои масъаларо месанҷид.
Дар нома ҳамчунин қайд шуда буд, ки барои анҷоми парвозҳои мунтазам варақаи хизматӣ (формуляр) гирифтан зарур аст, ки барои анҷоми парвозҳо муддати тамоми мавсим дода мешавад.
Ҳамчунин то ҳол дар шаҳри Тошканд мавҷуд набудани намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва мутаносибан ташкили фурӯши билетҳо дар Ӯзбекистон низ зикр гардида буд.