Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 12 апрел маросими ифтитоҳи бинои нави Маркази хизматрасонии бонкии (МХБ) нави ҶСП “Спитамен Бонк” доир гардид, ки дар он Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” Ниёзмурод Саидмуродов, аъзоёни Раёсат, намояндагони ҳукумати шаҳр, Бонки миллӣ ва мизоҷони бонк ҳузур доштанд. МХБ-и нави Спитамен Бонк бо суроғаи кӯчаи Айнӣ 34 ҷойгир аст.

Маркази хизматрасонии бонкӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои таъмини сатҳи сазовори хизматрасонӣ ба мизоҷон муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва аллакай имрӯз ба кор шурӯъ менамояд. МХБ дар кӯчаи Айни 34, маҷмӯи амалиётҳои бонкӣ, аз ҷумла бастани шартномаҳо барои расонидани хизматрасониҳои бонкӣ, кушодани суратҳисобҳо, интиқоли маблағ, барориши кортҳои бонкӣ, фиристодани супоришномаҳои пардохтӣ, гирифтан ва пардохтани қарзро пешниҳод менамояд.


Пас аз ба хотима расидани маросими расмии кушодашавии Маркази хизматрасонӣ, раёсати Спитамен Бонк ба мизоҷон ва шарикон изҳори миннатдорӣ баён карда, инчунин ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Спитамен Бoнк сол аз сол мавқеъи худро дар бозори хзматрасониҳои бонкӣ устувор мегардонад. Имрӯз, бо итминони комил метавон гуфт, ки бонки ҷавон ҳамеша дар ҷараёни васеъшавӣ ва рушди шабакаи бонкӣ қарор дошта, мақоми шарики боэътимодро соҳиб гаштааст.