Ҳукумати Тоҷикистон қисмате аз маблағҳои пешбинишуда барои дастгирии бонкҳои дучори мушкилотро ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун равона мекунад.
Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз пешниҳоди ҳукумат дар бораи дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ барои маблағгузорӣ ба бахши энергетика ва ворид намудани тағйирот ба қарори ҳукумат аз 12 декабри соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.
Муовини вазири молияи ҶТ Ҷамшед Нурмаҳмадиён қайд кард, ки барои рушди соҳаи энергетика ҳукумат дастур медиҳад, ки ба маблағи 530 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок дар шакли вексел нашр шавад.
Ӯ таъкид дошт, ки коғазҳои қиматноки нашршуда ба дастгирии идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона гардида, муҳлати амали векселҳо панҷ сол бо ду фоизи солона аст.
Ба гуфтаи муовини вазир, нахуст дар назар буд, ки ин коғазҳои қимтанок ба дастгирии ду бонки дучори мушкилот - «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» равона шаванд.
Нурмуҳаммадиён зикр кард, ки коғазҳои қиматнок барои дастгирии сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби Вазорати молия пас аз имзои шартномаи сеҷониба миёни ин Вазорат, ҶСК «НБО Роғун» ва Бонки миллии Тоҷикистон нашр мешаванд.
«Нахуст векселҳо ба ҶСК «НБО Роғун» ирсол гардида, ҷамъият дар навбати худ ҷиҳати ба воситаҳои пулӣ табдил додани ин коғазҳои қиматнок ба Бонки миллӣ муроҷиат мекунад», - иброз дошт номбурда.
Нурмуҳаммадиён имкони фурӯши минбаъдаи коғазҳои қиматнокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҷудогонаи манфиатдор аз эҳтимол дур намедонад ва дар ин робита ҳамчунин изҳор намуд, ки «то муҳлати анҷоми амали векселҳо, онҳо аз ҷониби Бонки миллии кишвар идора мешаванд».
Даҳаи охири моҳи декабр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукуматаз 12 декабри соли 2016 дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд.
Дар маҷмӯъ бояд ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби 21 декабр) векселҳо пешниҳод мешуданд. Аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» бояд ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» - 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» - 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» - 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегирифт.
«Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» қисмате аз ин кумакро дастрас намуда, вале ду бонки дигар - «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» аз он бенасиб монданд: санаи 24 феврали соли равон Бонки миллии ҷумҳурӣ дар бораи бозхонди иҷозатнома ва минбаъд маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо хабар дод. Айни замон дар ин ташкилотҳои қарзӣ маъмурони аз ҷониби суд таъиншуда ба корҳои расмиёти барҳамдиҳии онҳо машғуланд.