Миёни ширкати AllurGroup-и Қазоқистон ва ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он, 1 ҳазору 500 адад автомобилҳои навъи Peugeot (седан) ва 500 адад автомобилҳои навъи JAC S3 (кросовер)-и дар Қазоқистон васлу насбшуда ба Душанбе оварда мешаванд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ширкат, арзиши умумии қарордод дар ин бора 24 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, маросими баимзорасии ёддошт дар доираи вохӯрии ҳайати корхонаи фаръии ҶС «НУХ Байтерек»-и ширкати суғуртаи содиротии KazakhExport бо соҳибкорон ва роҳбарони мақомоти давлатии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт Қурбон Саидзода баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ширкат ният дорад, ки давоми соли 2018 интиқоли 1 ҳазору 500 адад автомобилҳои Peugeot 301 ва 500 адад автомобилҳои JAC S3-ро ба Душанбе анҷом диҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» ба ҳамлу нақли бору маҳсулот тариқи автомобил ва нақлиёти ҳавоӣ машғул буда, автомобилҳои харидаро ширкат дар азнавсозии парки таксиҳои пойтахт истифода бурданист.