Ҳаҷми захираҳои тиллои Тоҷикистон тӯли ним соли охир 2,3 тонна зиёд шуда, 14,6 тоннаро ташкил дод. Ҳамин тариқ, ҷумҳурии мо дар рейтинги 100 кишварҳои бузургтарини дорои захираҳои тилло мавқеашро се зина беҳтар кард.
Мувофиқи рейтинги моҳи майи Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council), захираҳои тиллои Тоҷикистон ба 14,6 тонна расидааст, ки 84,5% аз ҳаҷми умумии захираҳои тиллову асъори кишварро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳаҷми захираҳои тилло Тоҷикистон дар зинаи 64-ум қарор дорад. Дар рейтинги моҳи октябри World Gold Council Тоҷикистон бо захираи 12,3 тонна тилло мақоми 67-умро ишғол мекард.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ захираҳои бештари тилло - 267,7 тонна (зинаи 21-ум дар ҷаҳон) дар Қазоқистон мавҷуданд. Қирғизистон бо 4,9 тонна зинаи 84-умро ишғол мекунад. Ӯзбекистону Туркманистон дар рейтинг ҳузур надоранд.
Ба сафи кишварҳои пешсафи дорои захираҳои тилло ИМА (8133,5 тонна), Олмон (3377,9 тонна), Хазинаи байнулмилалии асъор (2814 тонна), Италия (2451,8 тонна), Фаронса (2435,9 тонна), Чин (1842,6 тонна), Русия (1680,1 тонна), Швейтсария (1040 тонна), Япония (765,2 тонна) ва Нидерланд (612,5 тонна) шомиланд.
Қобили зикр аст, ки маълумот дар бораи ҳаҷми захираҳои тилоову асъор дар Тоҷикистон ифшо намешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 5 тонна тилло истихроҷ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2015 ба миқдори 500 кило бештар аст.
Дар назар аст, ки то соли 2022 ҳаҷми солонаи истихроҷ дар конҳои тиллои Тоҷикистон то ба 17 тонна расонида шавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.