Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) даъват кард, ки ба ҷараёни баррасии барномаи нави сесолаи дастгирии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) барои ҷумҳурӣ вусъат бахшида шавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар вохӯрӣ бо ҳайати ХБА таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс муовини якуми раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев ҳарчи зудтар маъқул дониста шудан ва муҳимияти имзои ин санадро зикр кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар масоили пешбурди сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла оид ба вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои беруна ба он табодули назар намуданд.
Масъалаи муҳайё намудани фазои мусоид барои солимгардонии низоми бонкии кишвар, батанзимдарории бонкҳои муаммодор, такмил додани заминаи ҳуқуқии танзим ва назорат, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти молиявӣ мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки имкони роҳандозии барномаи нави ХБА барои Тоҷикистон (Механизми васеи қарзии ХБА дар Тоҷикистон)-ро ҷонибҳо тӯли чор соли охир баррасӣ мекунанд.
Ба ивази дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок аз рӯи чунин барномаҳо, Тоҷикистон маъмулан ба иҷрои як қатор шартҳо уҳдадор мешавад, ки аз ҷониби ниҳоди молии байнулмилалӣ зимни баррасиҳо пешниҳод мешаванд.
Намояндагони Хазина чандин маротиба умедворӣ изҳор намуда буданд, ки ояндаи наздик доир ба роҳандозии барномаи нави сесола тавофуқ ҳосил шуда, он вориси барномаи қаблан муваффақона амалигардида хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки муҳлати амали барномаи пешинаи сесолаи «Механизми васеи қарзӣ», ки дар доираи он ХБА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок пешниҳод кард, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида буд.