Ҳаҷми пули нақди дар муомилот қарордошта дар саросари Тоҷикистон ва миқдори пулҳои захиравӣ тайи соли охир ним баробар зиёд шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба ҳолати аввали моҳи майи соли равон ҳаҷми пули нақд дар гардиш 8,8 млрд. сомонӣ ва заминаи пулӣ то 11,6 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи майи соли гузашта ним баробар зиёдтар мебошад.

Афзоиши ҳаҷми пули нақдро дар Бонки миллӣ ба тағйирёбии вазъ дар бозори асъор ва сармоягузорӣ ба бонкҳои дучори мушкилот нисбат медиҳанд. Эътироф карда мешавад, ки афзоиши ҳаҷми пули нақд дар гардиш ба фишори қурбӣ ба арзи миллӣ ва суръатгирии таваррум дар бахши истеъмолӣ боис гардид.

Ҳамин тариқ, бино ба маълумоти БМТ, тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбати доллар 7,9% поин рафта, мизони таваррум дар ин давра дар бахши истеъмолӣ 4,4%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба миқдори 1,9 фоиз  бештар аст.

Қаблан иқтисодчиёни ниҳодҳои молии байнулмилалӣ суръат гирифтани болоравии сатҳи таваррум дар Тоҷикистонро ба афзоиши ҳаҷми пули нақд дар гардиш марбут медонистанд.

«Афзоиши ҳаҷми пули нақд дар муомилот яке аз сабабҳои асосии суръат гирифтани болоравии мизони таваррум дар Тоҷикистон аст», - изҳор дошта буданд моҳи апрели соли равон таҳлилгарони Бонки аврусосиёии рушд ва зикр карда буданд, ки омили мазкур ҳамчунин ба тақвияти фишор болои қурби мубодилавӣ низ таъсир мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон ба бонкҳои дучори мушкилот - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба маблағи умумии 3 млрд. 320 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок ҷудо кард. Бонки миллӣ ин коғазҳоро марҳила ба марҳила ба пули нақд табдил медиҳад.