Вакилони палатаи поёнии парлумон ба омӯзиши тағйирот ба қонун «Дар бораи реклама» шурӯъ намуданд, ки мувофиқи он минбаъд истеҳсолкунандагони маснӯоти тамоку ва машрубот аз ҳаққи ҳама гуна рекламаи маҳсулоти худ маҳрум мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, дар тағйирот манъи зикри ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти тамоку ва машрубот пешбинӣ шудааст, ҳатто агар онҳо ба сифати сарпарасти ин ё он чорабинӣ иқдом варзида бошанд.

«Қаблан зикри маҳсулоти онҳо ва акнун зикри номи худи ширкате, ки маснӯоти тамоку ё нӯшокиҳои машруботӣ истеҳсол мекунад, манъ мешавад», - гуфт манбаъ.

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, айни замон рекламаи воситаҳои доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва санитарӣ-гигиенӣ, маҳсулоти муолиҷавӣ, иловаҳои ғизо ва воситаҳои ороишӣ, ки аз қайди мақомоти давлатии Вазорати тандурустӣ нагузаштаанд ва ҳамчунин рекламаи методҳои муолиҷа, ташхис ва солимгардонӣ бидуни иҷозати Вазорати тандурустӣ, аз ҷумла гирифтани патент барои ихтироъкорӣ дар ин соҳа манъ аст.

Ҳамчунин ба рекламаи ҳама гуна навъҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ роҳ дода намешавад, ба истиснои рекламаи аслиҳаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла силоҳи шикорӣ ва варзишӣ.