Нимаи ҳамин моҳ ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» ба парвозҳояш аз фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав ба Тоҷикистон оғоз мекунад.

Парвозҳои мунтазам ба Душанбе аз 19 июн рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе ва ба Хуҷанд аз 21 июн рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе анҷом дода мешавад. Дар ин бора бо истинод ба хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ «Коммерсант» хабар медиҳад.

Охири моҳи апрел мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия дар таъини ширкати дуюми ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Жуковский ва ҳамчунин бекор кардани маҳдудияти парвозҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» созиш ҳосил карданд.

Аз рӯзи 3 май ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» дар бораи барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбе ва Хуҷанд ба пойтахти Русия хабар дод.

Баҳсҳо миёни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия рӯи ин масъала қариб ним сол дома ёфтанд: моҳи декабр Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон иҷоза надода, дар навбати худ, Русия ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русия маҳдудият ҷорӣ кард.

Зимни гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо оғози мавсими тобистон (26 март) ба ширкати «Ямал» барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва дар ин робита, ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда нисбати ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуданд.

Аммо бо оғози мавсими тобистон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати «Ямал», ки парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро дар нақша дошт, парвозҳо ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаро пешниҳод намуда, ҷониби Русия ин пешниҳодро напазируфт.

Баъди ин Тоҷикистон ба амалисозии парвозҳои ширкати «Ямал» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 2 маротибагӣ дар як ҳафта розӣ шуда, вале ин пешниҳодро ҳам Русия қабул накард. Ҷониби Русия хостори парвозҳои ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Ямал» ва «Уралские авиалинии» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мебошад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон фурудгоҳи Жуковскийро минтақавӣ шуморида, баробарии парвозҳоро танҳо дар фурудгоҳҳои мансуб ба шаҳри Маскав эътироф мекунад. Тибқи қонунгузории Русия, фурудгоҳи Жуковский ба вилояти Маскав мансуб аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.