Вазири об ва энергетикаи Афғонистон Алӣ Аҳмад Осмонӣ изҳор доштааст, ки Русия ба саҳмгузорӣ дар амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) омодагӣ изҳор намудааст.

Бино ба маълумоти CA-NEWS, дар ҳошияи кори Намоиши байнулмилалии ЭСКПО-2017 вазири кишвари ҳамсоя зикр кардааст, ки аз номи муовини вазири энергетиаи Русия ба унвони онҳо нома расидааст.

«Дар бораи нияти иштирок дар амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба мо аз ҷониби Русия дархост расид, - таъкид доштааст Алӣ Аҳмад Осмонӣ. - Русия ният дорад, ки дар содироти барқ ба Осиёи Ҷанубӣ иштирок кунад, зеро дар Тоҷикистон нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро дар ихтиёр дорад».

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистну Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 пешбинӣ шуда, арзиши умумии он беш аз 1 млрд. долларро ташкил медиҳад. Хароҷот амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – $314 млн., Қирғизистон – $209 млн., Афғонистон – $354 млн. ва Покистон – $209 млн.