Раҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон дар бораи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани низоми нави толлингӣ дар роҳи мошингарди Душане - Чанок маълумот медиҳад. Дар ҷойи плазаҳои айни замон амалкунанда плазаҳои нави толлингии нав ва муосир ба истифода дода мешаванд, ки дорои як қатор афзалиятҳо мебошанд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, дар заминаи ин иқдом теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки айни замон 7-то аст, коҳиш ёфта, ба 6-то мерасад, яъне, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта мешавад. Сониян, ба ҷои 4 хати ҳаракат 8 хати ҳаракат фаъол гашта, имкон медиҳад, ки масоҳати ҳудуди плазаҳо хеле васеъ шавад.
Гуфта мешавад, дар радифи дигар плазаҳо, ки дар онҳо корҳои сохтмонӣбосуръат ҷараён доранд, дар плазаи толлингии Шаҳристон, воқеъ дар километри 180-уми роҳи Душанбе – Чанок низ сатҳу сифати корҳо мувофиқи матлаб аст. То имрӯз қисмати аъзами корҳои сохтмонӣдар ин иншоот ба сомон расида, мавриди истифода қарор гирифтани он анқариб аст.
Ҳамрадиф бо ин, пардохти ғайринақдӣгустариш ёфта, истифодаи кортҳои пардохтӣхеле қулай мешавад. Барои мисол, ронанда метавонад кортҳои нави пардохтиро ба шишаи пеши автомобил насб намуда, бидуни таваққуф плазаро убур намояд. Дар ин фосила таҷҳизоти замонавие, ки дар плазаҳои нав насб мешаванд, автомобилро ба қайд гирифта, аз корти пардохтии мутаалиқ ба соҳиби он маблағи пешбинишударо мегиранд.
Зикр мегардад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар баробари барои “IRS” муфид будан, барои рушди низоми толлингӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дар заминаи татбиқи лоиҳаи мазкур навгонӣва беҳбудиҳо дар самти идоракунии ҳаракати нақлиёт ва таъмини бехатарии ронандагону мусофиронро рӯйи кор хоҳанд омад.
Таъкид мешавад, ки масъалаи мазкур яке аз мақсадҳои асосии “IRS” вобаста ба иҷрои рисолаташ дар робита ба нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак маҳсуб меёбад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.