Шӯрои  Директорони  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  маблағи  50  миллион доллари  ИМА-ро  аз  ҳисоби  Ассотсиатсияи  байналмилалии  рушд  барои  лоиҳаи  “Таҳкимдиҳии инфрасохтори муҳим ҷиҳати бартараф гардонидани офатҳои табиӣ”  дар Тоҷикистон тасдиқ намуд.

Лоиҳа ба таҳкимдиҳии иқтидори кишвар дар омодагӣ,  коҳишдиҳии таъсир ва эътино ба офатҳои табиӣ мусоидат мекунад. Сармоягузориҳои дахлдор ба Тоҷикистон – кишваре, ки ба обхезӣ, ярч ва заминларза осебпазир аст, ва ба он хавҳои назарраси тағйирёбии иқлим таҳдид мекунанд, дар омодагӣ ба хавфҳои табиии эҳтимолӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори муҳим, кӯмак мерасонанд.

“Лоиҳа мақомоти давлатиро дар гузариш аз усули “вокунишӣ” (ки ба эътино нигаронида шудааст) ба усули  “пешгирона”,  ки  ба  коҳишдиҳии  хавфҳои  офатҳои  табиӣ  ва  таҳкимдиҳии  қобилияти мутобиқшавӣ  ба  тағйирёбии  иқлим  равона  шудааст,  дастгирӣ  мекунад”, - гуфт Ян-Питер  Олтерс, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. - Ҳамин тавр, лоиҳа талошҳои Тоҷикистонро дар таҳияи  стратегияҳои  оқилона,  ниҳодҳои  бомасъулият  ва  инфрасохтори  устувор  ҷиҳати  кам намудани хавфҳои офатҳои табиӣ таҳким мебахшад, зеро дар сурати сар задани офатҳои табиӣ он ба  оқибатҳои  сангин,  хароҷоти  ғайриоқилонаи  иҷтимоию  иқтисодӣ  ва  ранҷҳои  инсонӣ  оварда мерасонад.”

Тоҷикистон дорои таърихи тӯлонии обхезиҳои сахт, заминларза, ярч, сел, тарма, хушксолиҳо ва бориши шадиди барф мебошад.  Релефи беназири он, дар якҷоягӣ бо хусусиятҳои геологӣ ва гидрологӣ боиси баланд шудани  дараҷаи осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим  мегардад.  Дар баробари ин, инфрасохтори фарсудашаванда  дараҷаи  осебпазирии  аҳолиро  ба  ҳодисаҳои  экстремалии  боду  ҳаво  ва  хатароти сейсмикӣ  баланд  бардоштааст.  Қисми  зиёди  иншоотҳои  он,  аз  ҷумла  каналҳои  обёрӣ,  иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ,  роҳҳо,  пулҳо  ва  сарбандҳо,  ки  дар  даврони  Шӯравӣ  бунёд  шудаанд, сармоягузориҳоро ба инфрасохтори мавҷуда талаб мекунанд.

Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон паёмадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии назаррас доштанд. Дар давоми солҳои 1992-2016  офатҳои  табиӣ  ба  маблағи  умумии  1.8  миллиард  доллари  ИМА  зарари  иқтисодӣ  оварда тақрибан ба 7 миллион нафар таъсир расониданд.  Тадқиқоти ба қарибӣ гузаронидаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба заминларзаҳо ва обхезиҳо нишон дод, ки ба ҳисоби миёна талафоти солона аз обхезиҳо метавон аз 1,4 фоиз ва аз заминларза - 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил диҳад.

Дар  доираи  лоиҳаи  “Таҳкимдиҳии  инфрасохтори  муҳим  ҷиҳати  бартараф  гардонидани  офатҳои табиӣ”    Бонки  ҷаҳонӣ  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мақсад  гузоштаанд,  ки  тавассути  баланд бардоштани иқтидорӣ миллӣ дар коҳишдиҳии самараноки таъсири оқибатҳои офатҳои табиӣ ва эътино ба онҳо аҳолӣ ва воситаҳои зиндагии мардумро аз таъсироти  офатҳои  табиӣ ва хавфҳои тағйирёбии иқлим муҳофизат намоянд.

Лоиҳа мукаммалсозии марказҳои ҳолатҳои  буҳрониро, ки дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ фаъолият мебаранд ҷиҳати огоҳнамоии саривақтӣ, таъмини алоқа дар ҳолатҳои буҳронӣ ва омодагию эътино ба ҳолатҳои фавқулодда, маблағгузорӣ менамояд.  Ин имкон медиҳад, ки иқтидори арзёбии хатароти сейсмикӣ дар Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология  ҷиҳати дақиқ муайян намудани хавфи  офатҳо баланд бардошта шавад. 

Илова бар ин, лоиҳа Ҳукуматро  дар омода намудани стратегия ҷиҳати коҳиш додани хавфи таконҳои молиявии вобаста ба офатҳои табиӣ, дастгирӣ мекунад. Дар баробари ин, маблағгузорӣ дар ҳаҷми 6 миллион доллари ИМА ҷиҳати эътино ба ҳолатҳои  фавқулодда  барои  офатҳои  бузурги  табиӣ  дастрас  мегардад,  ки  он  имкон  медиҳад  маблағ барои амалисозии чораҳои эътино ва барқарорсозии баъди сар задани офати табиӣ зуд сафарбар карда шавад. 

Ғайр  аз  ин,  чораҳои  таҳкимдиҳии  институтсионалӣ  барқарорсозии  инфрасохтори  муҳим,  аз  он  ҷумла роҳҳо, пулҳо ва иншоотҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон, ки дар натиҷаи офатҳои табии соли 2015 зарар дида буданд, дар бар мегиранд.

Лоиҳа дар давоми шаш сол аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология, Вазорати нақлиёт ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ амалӣ хоҳад шуд.

Лоиҳа тавассути грант барои дастгирии техникӣ дар ҳаҷми 1,25 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Хазинаи ҷаҳонии  коҳишдиҳии  хафҳои  офатҳои  табиӣ  ва  барқарорсозӣ  дастгирӣ  мегардад.  Он  ба  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ҳамгироии  фикру  андешаҳои  алоқаманд  бо  устуворӣ  ба  тарҳрезии инфрасохтори муҳим ва пешниҳоди тавсияҳо  доир  ба таҳкими иқтидори омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва эътино, кӯмак мерасонад.

Айни  замон  сандуқи  фаъоли  Гуруҳи  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон  21  лоиҳаро  (аз  ҷумла  лоиҳаҳои минтақавӣ  ва  хазинаҳои  мақсаднок)  бо  арзиши  умумии  582,6  млн.  доллари  ИМА  дар  бар  мегирад. Фаъолияти  он  ба  мусоидат  дар  афзоиши  иқтисодӣ  аз  ҳисоби  рушди  бахши  хусусӣ  дар  баробари сармоягузорӣ ба беҳтар намудани  хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба аҳолӣ ба монанди дар соҳаи маориф, тандурустӣ, обтаъминкунӣ, беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоӣ, равона шудааст.