Зимни вохӯрӣ бо журналистон раиси Раёсати “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пирзода изҳор намуд, ки бонк ба кам кардани хароҷот ба таври назаррас маҷбур шуд.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла аз оғози сол хароҷоти марбут ба маоши кормандон - 8,5 млн. сомонӣ, андоз - 1,7 млн. сомонӣ, хароҷоти иҷора - 1,2 млн. сомонӣ ва дигар хароҷотҳо - 12,3 млн. сомонӣ кам шудаанд.

Пиров таъкид дошт, ки ҳамчунин шумори ҳайати шахсӣ (штат) аз 1672 нафари моҳи декабри соли гузашта айни замон то ба 641 нафар ихтисор шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин фаъолияти 46 филиалҳои бонк боздошта шуда, дар заминаи аксари онҳо марказҳои хизматрасонии бонкӣ боз шудаанд ва айни замон бонк дорои 40 филиал ва 37 маркази хизматрасонӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, раиси “Тоҷиксодиротбонк” қайд кард, ки нимаи аввали соли ҷорӣ бонк нишондиҳандаҳои молиявитро ба таври назаррас беҳтар кардааст.

“Дороиҳои бонк ба санаи 30 июни соли равон 4 млрд. 311 млн. сомонӣ ва сармояи тавозунии бонк 2 млрд. 540 млн. сомониро ташкил медиҳанд, - иброз дошт ӯ. - Сандуқи қарзӣ - 1 млрд. 128 млн. сомониро ташкил дода, бақияи амонатҳо аз 3 млрд. 11 млн. сомонии 13 декабри соли 2016 айни замон то ба 1 млрд. 771 млн. сомонӣ коҳиш ёфтанд”.

Пиров таъкид дошт, ки айни замон вазифаи асосии бонк баргардонидани қарзҳо ба мизоҷон маҳсуб меёбад.

Раиси бонк ҳамчунин доир ба миқдори маблағҳои баргардонида ба мизоҷон, тарзу усулҳои баргардонидани он ва дигар масъалаҳо низ маълумот дод.

Маълумоти бештар муфассал дар бораи вазъи кор дар “Тоҷиксодиротбонк”-ро дар  маводи шумораи наздиктарини газетаи «Asia-Plus», ки рӯзи панҷшанбе, 20 июл ба нашр мерасад, дарёфт карда метавонед.