Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба барқарор кардани кори низоми ягонаи энергетикии минтақа гуфтушунид дошта, имкони пайвастшавии хатҳои барқи Тоҷикистон бо низоми энергетикии Ӯзбекистон аллакай пурра омӯхта шудааст.

Вазири энергетика ва захиарҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин самт аллакай баъзе корҳои мушаххас анҷом дода шуда, Тоҷикистон барои интиқоли барқ ба Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистон дар мавсими тобистон имкони техникӣ дорад.

«Агар ҳамсоякишварҳои мо дар мавсими тобистон барқи нисбатан арзон хариданӣ бошанд, бо хатҳои интиқоли барқи мавҷуда метавонанд ба низоми энергетикии мо пайваст шаванд, - гуфт вазир. - Мо тариқи ин хатҳо, ки солҳои тӯлонӣ истифода намешуданд, интиқоли барқро барқарор карда метавонем».

Усмонзода таъкид дошт, ки имкони пайвасти хатҳои барқи Тоҷикистон бо низоми энергетикии Ӯзбекистон пурра аз ҷониби мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик» мавриди омӯзиш қарор гирифта, Тоҷикиситон ба пайваст кардани хатҳои интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар то зеристгоҳ дар қаламрави Ӯзбекистон комилан омода аст.

Ташаккули низоми минтақавии энергетикӣ бо шумули иқтидорҳои Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ ҳамчун Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ соли 1991 ба анҷом расида буд. Он аз 83 нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 25 ҳазор МВт иборат буд.