Давоми сол нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 11,7 фоиз боло мераванд. Таҳлилгарони Бонки авруосиёгии рушд (БАОР) сабабҳои ин омилро «самараи кӯтоҳмуҳлати шароитҳои номусоиди обуҳаво ва афзоиши тағйирпазирии қурби табодули асъор» унвон мекунанд.
«Хатарҳои пурзӯр шудани фишори таваррум боқӣ монда, ба эҳтимоли зиёд ба бештар эҳтиёткор шудани тарзи муносибати танзимгар нисбати коҳиши меъёрҳои калидӣ дар давоми боқимондаи сол боис мегардад», - гуфта мешавад дар гузориши БАОР.
Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки таварруми босуръат ба беқурбшавии сомонӣ ва хеле кам шудани пешниҳод вобаста буда, агар аз рӯи натиҷаҳои моҳи июни соли 2017 дар ҳоли аз ҷониби Бонки миллӣ 7,0 фоиз пешбинӣ шудани мизони таварруми солона, ин нишондиҳанда 9 фоизро ташкил дод.
«Болоравии нархҳо дар бахши истеъмолӣ дар партави 31 фоиз афзоиши индекси нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ босуръат зиёд мешавад ва давоми моҳҳои январ-июни соли 2017 пешниҳоди картошка, сабзӣ ва пиёз кам шуда, дар натиҷа нархҳои чакана беш аз ду баробар афзуданд ва сомонӣ ҳар моҳ нисбат ба моҳи гузашта тақрибан 2 фоиз беқурб мешавад, - қайд мешавад дар гузориш.
Мувофиқи пешгӯиҳои таҳлилгарони БАОР, қурби мубодилаи пули миллии Тоҷикистон нисбати доллар то охири сол ба 8,5 сомонӣ (барои 1 доллар) мерасад.
Как советский "мусульманский" батальон в 1979 году свергал афганского президента Амина
Где она, самая высокая новогодняя ёлка в СНГ?
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Ильхаму Алиеву
Пять причин посетить Узбекистан зимой
«Главное – внимание, но и IPhone16 – тоже хорошо». Что хотят получить на Новый год жители Душанбе?
Новый тренд у таджикских подростков – фотографироваться с ножами. Откуда он появился?
В Душанбе задержали подростка, подозреваемого в нанесения ножевого ранения другому юноше
Пассажирский самолет Azerbaijan Airlines потерпел крушение в Актау
Таджикистан отстает от других стран Евразии по взаимному инвестированию
Трое из четверых – бывшие заключенные. «Азия-Плюс» поговорила с родственниками подозреваемых в убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста