Рейтини кредитии устувори шартиро Тоҷикистон аслан ба хотири интизории муваффақона амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун соҳиб шуд.
Дар хабари “Рейтинги кредитии Тоҷикистон аз Moody's ва S&P” дар сомонаи расмии ҶСК “Ориёнбонк қайд мешавад, ки ин рейтинг ба Тоҷикистон охири моҳи август аз ҷониби агентиҳои Moody’s Investors Service ва Standard and Poors (шомили “Сегонаи бузург”) дода шудааст.
“Рейтинги Тоҷикистон дар сурати муваффақона амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун , ки афзоиши даромадҳо аз андоз ва содиротро таъмин мекунад, боло рафта метавонад. Мо интизорӣ дорем, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома ёфта, охири соли 2018 истеҳсоли барқ ба нақша гирифта шудаст. Даромадҳои имконпазир аз андоз ва содирот ба таҳкими вазъи буҷети давлатӣ ва ва захираҳои хориҷии бонки марказӣ мусоидат намуда, мо ҳамчунин интизорӣ дорем, ки ҳукумат баҳри таъмини суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ ба ислоҳот дар бахши молия идома медиҳад. Ин тамоилҳои мусбат ба хатарҳои марбут ба мавқеи пардохтпазирии беруна ва уҳдадориҳои шартии вобаста ба низоми бонкӣ танзим мешаванд”, - қайд мешавад дар асосҳои Moody’s.
Дар ширкат таъкид месозанд, ки даромад аз коғазҳои қиматнок (облигатсияҳо) дар навбати аввал барои маблағгузории хароҷоти давлатӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун таъин шудааст.
Коршиносони ширкати Standard and Poors зикр мекунанд, ки аввали моҳи сентябри соли равон Тоҷикистон нашри коғазҳои қиматнокро ба нақша гирифтааст. “Ҳаҷми пешбинишуда - аз 500 млн. доллар ва муҳлати муомилот - то 10 сол буда, дар ҷадвали пардохти облигатсияҳо 6 пардохти баробар ҳар ним сол шурӯъ аз соли 2025 дар назар аст”, - гуфта мешавад дар маълумоти сомонаи Standard and Poors.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру тавсияҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаи рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бо агентиҳои рейтингии байналмилалӣ муайян намояд.
Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.