Директори Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа Фарҳод Абдурашидзода маълумоти кор накардани фурудгоҳро рад намуда, вале эътироф кард, ки алҳол аз ин ҷо парвозҳо анҷом дода намешаванд.

Ҳафтаи сипаришуда чанде аз ВАО дар бораи аз кор бозмондани Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ба рухсатии бемузд фиристодани беш аз 120 нафар кормандонаш хабар доданд. Дар ин фурудгоҳ то 200 нафар фаъолият мекарданд.

Фарҳод Абдурашидзода қайд кард, ки фурудгоҳ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, ҳамеша ба қабули ҳавопаймоҳо омода аст ва аз моҳи июл муваққатан парвозҳо боздошта шуда, аз ин рӯ, қисмате аз кормандон ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.

Фарҳод Абдурашидзода
Asia-Plus

То моҳи июни соли равон ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-Авиа» бо хатсайри Қӯрғонтеппа - Маскав аз маркази вилояти Хатлон 5 парвоз анҷом медод.

Яке аз сабабҳои аз кор бозмондани фурудгоҳро директор «реҷаи ҳарорат» номида, изҳор намуд, ки мавсими тобистон дар Қӯрғонтеппа ҳарорат хеле баланд шуда, суръати шамоли зарурӣ барои гардиши муҳаррик паст мешавад, ки ба парвози ҳавопаймоҳо мушкилӣ меорад.

- Аз ин рӯ, хати парвоз бояд дарозтар бошад. Хати парвози мавҷуда каме ба меъёрҳо мутобиқат надошт, вале чанде пеш онро ба масофаи 165 метр дарозтар карда, боз 150 метри дигар илова карданием, ки масофаи умумии он аз 2 ҳазору 265 метр ба 2 ҳазору 600 метр мерасад, - иброз дошт ӯ. - Барои дарозтар кардани масофаи хати парвоз моро лозим омад, ки ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Вахш машғул шавем ва аз Фонди дастгирии соҳибкории назди Президенти ҷумҳурӣ барои анҷоми ин корҳо 7 млн. сомонӣ маблағ гирифтем. Ҳамчунин моро Вазорати нақлиёт ва раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода низ дастгирӣ мекунанд.

Барои дарозтар кардани масофаи хати парвоз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Вахш иҷро карда шуд.
Asia-Plus

Сабаби дигарро директор ба фасли тобистон рост омадани мавсими сайёҳӣ унвон карда, иброз дошт, ки ширкати «ВИМ-Авиа» дар ин давра мусофиркашонӣ ба як самти каммусофирро коҳиш додаву ба самти серталаб меафзояд.

Номбурда зикр кард, ки аввали моҳи октябр парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Маскав - Қӯрғонтеппа - Маскав дубора барқарор ва фурӯши билетҳо ба 2 октябр шурӯъ шуда, моҳи октябр иҷрои 20-22 парвоз бо ин хатсайр дар назар аст.

Хати парвози фурудгоҳи Қӯрғонтеппа
Asia-Plus

Ба қавли Фарҳод Абдурашидзода, айни замон бо ширкатҳои «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва «Уральские авиалинии» дар мавриди ифтитоҳи хатсайр ба самтҳои Қӯрғонтеппа-Санкт-Петербург, Қӯрғонтеппа - Екатеринбург ва Қӯрғонтеппа-Новосибирск гуфтушунид ҷараён дошта, нақшаи ифтитоҳи хатсайри чартерӣ (алоҳида дар вақти муайян) низ вуҷуд дорад.

Номбурда гуфт, тибқи қарордоди пешакӣ ширкати «Сомон Эйр» сар аз соли 2018 ба анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа оғоз мекунад.

Ӯ мегӯяд, фурудгоҳ шабонарӯзӣ ба қабули 5-6 ҳавопаймо ва зиёдтар аз он имкон дорад ва ҳамаи иншооти зербинои фурудгоҳ дар реҷаи устувор фаъолият мекунанд.

Баъди таъмири асоси фурудгоҳ бояд чунин шавад.
Asia-Plus

Зимнан зикр гардид, ки раҳбарият лоиҳаи тиҷоратии рушди фурудгоҳро таҳия намуда, ҷиҳати ҷудо кардани қарз барои амалисозии он, бо бонкҳо гуфтушунид дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.