Зимни суханронӣ дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагон раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар самти хизматгузорӣ ба мусофирон рӯз то рӯз бад мешавад.
«Ҳама гуна сармоягузори хориҷӣ, ки хостори маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст, пас аз шиносоӣ бо сатҳи хизматгузории ширкатҳои ҳавопаймоии мо рӯ ба фирор меорад», - қайд кард Зуҳуров.
Дар ҳамин ҳол, палатаи поёнии парлумон имрӯз пешниҳоди ҳукумат дар бораи аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи содиротӣ озод кардани таҷҳизот барои «Тоҷикаэронавигатсия»-ро дастгирӣ кард.
Номгӯи таҷҳизоте, ки бояд давоми сол ворид гардад, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда, техника аз ҳисоби воситаҳои «Тоҷикаэронавигатсия» харидорӣ мешавад. Ҳаҷми маблағе, ки буҷети кишвар аз ситонидани маблағи андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ аз ин воридот аз даст медиҳад, маълум нест.
Айни замон ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ҳамаи парвозҳои худро ба кишварҳои хориҷӣ бо фурудойӣ дар дигар кишварҳо барои пур кардани сӯзишворӣ анҷом медиҳанд, ки ин фурудоиҳои маҷбурӣ аз моҳи май идома доранд. Он замон нархи баланд ба сӯзишвориву акнун камбуди он сабаби ин ҳолат гуфта мешавад.
Ягона воридкунандаи сӯзишвории авиатсионӣ ба Тоҷикистон «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» (ШТС) мебошад, ки онро аз Русия харидорӣ намуда, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ қариб ду баробари нархаш - 1 ҳазору 120 доллар барои 1 тонна мефурӯшад.
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ на ҳама вақт метавонанд бо чунин нарх онро харидорӣ намоянд. Аз ин рӯ, онҳо қарздор мешаванд. Бо ҳамин сабаб вақти парвоз маҷбур мешаванд, ки барои пур кардани миқдори нокофии сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои кишварҳои дигар, ки керосини авиатсионӣ хеле арзонтар аст, фуруд оянд.
«Табиист, ки ҳама гуна ширкат низ чун ШТС аз имкони дар бозор мавҷуд набудани рақибон истифода бурда, нархро боло мебардошт. Аҷибаш он аст, ки мақомоти назоратӣ ва дар навбати аввал Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба куҷо менигаранд?», - савол медиҳанд ширкатҳои ҳавопаймоӣ.
Бо назари Ширкати таъминоти сӯзишворӣ доир ба ин масъала дар суроғаи зерин шинос шуда метавонед.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.