Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»-ро ҷонибдорӣ намуд, ки мувофиқи он, дар ҷумҳурӣ рӯйхати ягонаи шаҳрвандони аз бонкҳо қарзгирифта тартиб дода мешавад.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи иқтисоду молияи парлумон Шариф Раҳимзода, қаблан чунин рӯйхат аз ҷониби Бонки милии ҷумҳурӣ тартиб дода шуда, вале ба он танҳо қарзгирандагоне дохил мешуданд, ки барои ин ба таври хаттӣ розигӣ медоданд. Минбаъд барои шомил кардан ба рӯйхат розигии шаҳрвандон лозим намешавад.
Бино ба маълумоти Бонки милии ҷумҳурӣ, айни замон ҳаҷми маблағи қарздодаи бонкҳои Тоҷикистон 8 млрд. 700 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Таърихи қарзӣ ин маълумот дар бораи кай, чӣ миқдор ва дар кадом ташкилоти молиявию қарзӣ шумо қарз гирифтаед (ё доред) ва чӣ тавр ӯҳдадориҳои худро, яъне пардохти қарзро, ба ҷо меоред. Ҳангоми баровардани қарор оид ба додани қарз ва ё рад кардани дархости он, бонкҳо, ба ғайр аз хулосаи таҳлили иҷтимоӣ-молиявӣ, ба таърихи қарзӣ низ аҳамияти зиёд медиҳанд.
Вакилон ҳамчунин аз тағйироту иловаҳо ба қонун ««Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ҷонибдорӣ намуданд, ки мутобиқи он, ба истифодабарандгони замин дар кишвар танҳо шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии замин дода мешавад. Қаблан ба ҷуз ин санад, ба онҳо боз сертификат ҳам дода мешуд.
Как таджикистанцам добраться до Доминики и что там посмотреть?
В Таджикистане выросла детская преступность
Рамазон Рахимзода подтвердил, что «Боим» задержан и доставлен в Таджикистан
Digital Fest 2025: главный образовательный форум Таджикистана соберет экспертов технологий будущего
Налоговый комитет Таджикистана назвал своих главных должников
Казахстан и Таджикистан создадут СП по производству подсолнечного масла
10 лет и 4 месяца. Стали известны новые подробности приговора Ахмаду Иброхиму
TIKA укрепляет инфраструктуру медицинского образования Таджикистана
Глава МВД заявил, что еще несколько человек находятся в розыске в связи с убийствами в Канибадаме
ЧП в колонии Вахдата, приостановка деятельности Фонда Ага Хана и проблемы с получением справок
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста