Сиёсати сармоягузории Пекини расмӣ нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ зери интиқоди шадиди нашрияи қадимтарини англисизабони Гонконг - South China Morning Post қарор гирифтааст. Нашрия бо овардани мисолҳо чӣ гуна дар шароити душвор кор кардани сармоягузорони Чинро дар кишвари мо нишон медиҳад.
Муаллифи мавод, ки аз Тоҷикистон боздид намудааст, «мушкилоти зиёд», аз ҷумла «мушкилоти ҳуқуқӣ, сиёсати пешгӯинашаванда ва мушкилоти амният»-ро, ки тиҷорати чинӣ дар ҷумҳурӣ ба он дучор мешавад, зикр менамояд. «Пекин бошад, нисбат ба манфиатҳои корӣ, бештар ба ҳамкории зиддитеррористӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад», - менависад вай.
Дар мавод бобати тоҷири Чин Чжу Байлин (Zhu Bailin) маълумот дода мешавад, ки баъди аз ҷониби роҳбари Чин Си Ҷинпин пешниҳод шудани ташаббуси «Як камарбанд ва як роҳ» ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Ӯ барои ҳамроҳ бо шарики тоҷики худ Абдуҳалим Қодиров (директори генералии «Ёқут-2000») бунёд кардани корхонаи истеҳсоли сементи Taj China дар шаҳри Ваҳдат 25 млн. доллар маблағгузорӣ мекунад.
«Доштани шарики тоҷикӣ барои сармоягузорони Чин таҷрибаи маъмулӣ буда, он ба беҳбуди робитаҳо бо идораҳои гуногуни ҳукуматӣ мусоидат мекунад. Аксаран онҳо сокинони маҳаллии маъруф мебошанд ва чанде аз лоиҳаҳои бузурги Чин ҳамкорӣ бо шахсонеро, ки бо Президенти Тоҷикистон робита доранд, афзалтар мешуморанд», - шарҳ медиҳад ба муаллифи мавод роҳбари Федератсияи чиниҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон Ху Фэн (Hu Feng).
Дар мавод қайд мешавад, ки баъди оғози истеҳсол дар КМ «Taj China» Қодиров ба пурра зери назорат гирифтани корхона муваффақ гашта, ин ҳам дар ҳолест, ки бастаи назоратии саҳмияҳо (60%) ба сармоягузори Чин ва 40%-и он - ба шарики тоҷикистонии ӯ тааллуқ дошт. Ба сармоягузори хориҷӣ сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бо истифода аз таҳдидҳо маслиҳат медиҳанд, ки ба тақдираш тан бидиҳад.
Лекин зикр мекунад муаллиф, ба Чжу Байлин муяссар мегардад, ки бо Қодиров забон ёфта, шарики тоҷикистонӣ ба иҷораи корхона бо пардохти 454 ҳазор доллар дар як моҳ розӣ мешавад, вале сармоягузори Чин ҳар моҳ ҳудуди сеяки ин маблағро мегирад. «Агар ҳамаи ин ҳолатро ман пештар медонистам, ман албатта сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро қабул намекардам», - афзудааст Чжу.
Муаллифи гонконгӣ Ҷозеф Чан Нап-ки (Joseph Chan Nap-kee) изҳор доштааст, ки шикоят ба судҳо аз болои қарорҳои ҳукуматдорони тоҷик хеле душвор аст. Ҳангоми кор дар саноати кӯҳкории Тоҷикистон Ҷозеф Чан беасос ба саркашӣ аз пардохти андозҳо дар ҳаҷми 20 млн. доллар гунаҳкор карда шуд. Дарёфти адвокат дар Тоҷикистон барои ӯ душвор буд, зеро «агар ҳуқуқшиносон муқобили ҳукумат фаъолият дошта бошанд, метавонанд аз иҷозатномаи худ маҳрум шаванд». «Мурофиаи судиро мо пурра бохтем. Ҳамаи онҳо ҳукумати худро дастгирӣ мекарданд», - гуфтааст Чан ба нашрияи South China Morning Post.
Тоҷир аз Синтзян Келиму Абудурейму (Kelimu Abudureyimu) мегӯяд, ки истифодаи роҳу воситаҳои дипломатӣ барои ҳалли баҳси тиҷоратӣ бо ҳукуматдорони тоҷик кори бефоида аст.
Бо чор шарики чинии худ ӯ каме дуртар аз Душанбе аз тоҷири рус кони флюорит ва волфрамро харидааст. Аммо суди тоҷикистонӣ доир ба мусодираи кон ба фоидаи давлат қарор содир намудааст, чунки гӯё он қаблан ғайриқонунӣ аз ҷониби тоҷири рус харидорӣ шудааст.
Абудурейму фирберо ҳис намуда, барои кумак ба сафорати Чин дар Душанбе ва Шӯрои давлатии Чин муроҷиат мекунад, аммо дастгирӣ намеёбад. Муаллифи мавод менависад, баъди мусодира кон ба Ширкати алюминии Тоҷикистон дода шудааст.
Муаллиф ишора мекунад, ки ҳатто ширкатҳои давлатии Чин, ки ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон кор мекунанд, ба мушкилот дучор мешаванд.
Барои намуна КМ «Зарафшон» (истихроҷи тилло) мисол оварда шудааст, ки 75%-и саҳмияҳояш ба корхонаи давлатии Zijin Mining ва 25%-аш ба ҳукумати Тоҷикистон маснуб аст. Корхона бо нархи 300-400 млн. юан (45-60 млн. доллар) боз як кони тиллоро хариданӣ шуда, вале ҳукумати Тоҷикистон барои он нархи 500 млн. долларро талаб кардааст.
«Ин ба он марбут аст, ки дар Тоҷикистон тасвавури ғалати ба миқдори зиёд омадани сармоягузорони Чин вобаста ба ташаббуси «Як камарбанд- як роҳ» вуҷуд дорад ва онҳо (Тоҷикистон, - идора) худро хеле баланду арзишманд ҳисоб мекунанд», - чунин мешуморад менеҷери генералии КМ «Зарафшон» Чжан Шун Ҷинь (Zhang Shunjin).
Чин ҳаққи худро мегирад?
Ҳаҷми қарз ба Чин аллакай ба 1,2 млрд. доллар расидааст, ки қариб нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин айни замон Чин аз рӯи сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон низ пешсаф буда, тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, танҳо семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Чин наздики 80 млн. долларро ташкил додааст, ки ин 60% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими аз ҷониби Тоҷикистон ҷалбшуда дар ин давра мебошад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки «Чин ҳеҷ гоҳ ба кишварҳое чун Тоҷикистон дар додани қарзу грант ва ҳатто гузашт аз манфиатҳои сармоягузорони худ даст намекашад, то ки кишварҳои хурдро зери лаҷоми худ нигаҳ дорад. Дар Чин ба хубӣ огаҳанд, ки бо гирифтани дастгирии дархостшуда, ин кишварҳо ба таври автоматӣ ба ӯ уҳдадор мешаванд ва дар навбати худ, иҷрои ин ё он хизматгузории аз онҳо талабшударо рад намекунанд, - мегӯяд сиёсатшинос Собир Ҳамидов.
Дар мисоли Тоҷикистон сиёсатшинос ба он ишора кард, ки қариб ҳамаи конҳои ғании тиллои ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳои Чин коркард мешаванд. Фермерони Чин барои парвариши зироати кишвоарзӣ қитъаҳои замин мегиранд. Ба ширкатҳои чинӣ барои дар қаламрави кишвар ҷойгир кардани корхонаҳои зараровар (корхонаҳои сементбарорӣ) иҷоза дода шуда, ин дар ҳолест, ки бо сабаби шадидан бад шудани вазъи экологӣ, Чин пурра хостори аз ҳудуди кишвар берун баровардани онҳо аст…
Айни замон қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Чин мебошад, ки беш аз нисфи ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ ба он рост меояд: мо ба ин кишвари ҳамсоя наздики 1,2 млрд. доллар қарздорем.
Звездопад на Tarona Music Award 2024
Путин рассказал, при каких условиях готов вести переговоры с Зеленским
«Не хватает рабочих рук»: Путин высказался о путях решения проблемы миграции в России
Власти Тюменской области запретят мигрантам торговать табачными изделиями
Манучехр Беназирзода одержал победу на FORMULA55 CUP по FC25
Каждый житель Таджикистана ежедневно выбрасывает 100 граммов пластика
Во Франции мужчину, который в течение 10 лет накачивал свою жену наркотиками и насиловал, приговорили к 20 годам
Центральноазиатские страны лидируют в репатриации граждан из лагерей Сирии
Демографический бум Центральной Азии помог экономике?
«Когда правда становится жертвой клеветы». Бывший партнер героини материала о семейном насилии отвергает ее обвинения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста