Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе - Қӯрғонтеппа” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузошт.
Бино ба иттилои хадамои матбуоти сарвари давлат, ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад.
Фармоишгар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, машваратчии байналмилалӣ Ширкати машваратии “КОКС”-и Олмон, машваратчии маҳаллӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Автострада” ва пудратчӣ Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян Бейсин” мебошад.
Муҳлати сохтмон 3 сол муайян шуда, он бояд то моҳи октябри соли 2020 - ум мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд шавад.
Тибқи нақша дар рафти таҷдид ва азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳ ба масъулини Вазорати нақлиёт дустур дод, ки дар вақти татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд. Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, тамоми қоидаҳои роҳсозӣ риоя карда шавад. Инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ ҳангоми иҷрои корҳо низ дастур дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки шоҳроҳи “Душанбе-Қӯрғонтеппа” пойтахтро бо маркази вилояти Хатлон ва ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон пайваст намуда, дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Бунёду азнавсозии роҳ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионии кишвар аҳамияти муҳиму стратегӣ дорад.
Таджикистанцы теперь будут сдавать отпечатки пальцев при получении справки о несудимости
На борту упавшего в Актау самолета были два уроженца Таджикистана
Как меняется контртеррористическая повестка в мире и причем здесь Таджикистан?
Президент России рассчитывает, что воинские расчеты стран СНГ примут участие в параде 9 мая
В 2025-м первая группа таджикистанцев поедет в Южную Корею на работу сварщиками
Как создать идеальный новогодний стол?
Сельское хозяйство Таджикистана: Все показатели выросли, кроме производства хлопка
В России с 5 февраля введут новый режим высылки: что это означает?
В Иране согласовали снятие запрета на использование в стране Google Play и WhatsApp
УМВД Душанбе предупреждает: мигалки и сирены на частных авто запрещены
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста