Дар рейтинги Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат» Тоҷикистон мавқеи худро 5 зина беҳтар кард. Дар рейтинги Doing Business-2018 миёни 190 кишвари саросари дунё Тоҷикистон дар мақоми 123-юм ҷойгир аст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мавқеи Тоҷикистонро аз 10 нишондиҳандаи гузориш дар 5-тоаш боло бурдаанд. Аз ҷумла, аз рӯи нишондиҳандаи бақайдгирии корхонаҳо ҷумҳурӣ 28 банд, гирифтани иҷозатномаи сохтмон - 26 банд, андозбандӣ - 8 банд, бақайдгирии моликият - 7 банд ва пайваст ба низоми таъминот бо барқ - 2 банд боло рафтааст.

Дар нишондиҳандаи «таъмини иҷрои қарордодҳо» Тоҷикистон чун дар раддабандии пешин дар зинаи 54-ум қарор дорад.

Рейтинги Тоҷикистон аз рӯи боқимонда 4 нишондиҳанда каме поин рафтааст. Аз лиҳози ҳифзи сармоягузорони миноритарӣ (як қисм саҳмдор) мавқеи Тоҷикистон 6 банд, савдои байнулмилалӣ - 5 банд, дастрасӣ ба қарз ва ҳалли масъалаи пардохтнопазирӣ - мутаносибан 4 бандӣ поин шудааст.

Дар рейтинги ҳозираи Doing Business миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи нисбатан баландтарро Қазоқистон - 36-ум ишғол намуда, Ӯзбекистон дар мақоми 74-ум, Қирғизистон - 77-ум ҷойгир шудаанд. Дар бораи Туркманистон маълумот дода нашудааст.

Дар паҳнои пасошӯравӣ зинаи аз ҳама баландтарро Гурҷистон - 9-ум касб карда, дар идома Эстония - 12, Литва - 16, Латвия - 19, Русия - 35 ҷойгир шудаанд. Мавқеи поинтаринро Тоҷикистон ишғол намудааст.

Пешсафони рейтин Зеландияи Нав, Сингапур ва Дания дониста шуда, Венесуэа, Эритрея ва Сомали мақомоҳои охиринро касб кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.